Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
Дуздҳоро пайхас намекунам... Барои ҳамин хӯҷаин маро пеш кард. Нонро дарег медорад.
Гург гуфт:
– Ту ба ман аккос назан, мон, зиндагиамро бинам, ман ба ивази ин ба ту сиреро мекушоям. Ҳамин хел сир, ки хӯҷаинат туро на танҳо нағз нигоҳубин мекунад, балки рӯ-рӯи дастонаш бардошта мегардонад. Гӯш кун, ки бобоям ба ман чӣ нақле карда буд. Боре вай ба ин ҷо барои гӯсфанд омада будааст. Бобои ту он рӯз хашмгин набудааст, бинобар ин, ба гург кордор нашудааст. Ҳамин тавр, вақте ки бобои ман дар хота пинҳон шуда, пайт мепоидааст, банохост дидааст, ки падари мӯйсафед Федот тиллоҳояшро пинҳон мекардааст. Вай як ҳалта тиллоро дар зери пояи чархи чоҳ ба замин гӯр кардааст.
Саги зирак Алтрапка ба назди чоҳ давида рафту ҷоеро, ки гург гуфта буд, кандан гирифт. Келини мӯйсафед дод зад:
– Падарҷон, бинед, Алтрапка боз гашта омад ва вай таги пояи чархи чоҳро канда истодааст!
Федот дод зад:
– Пеш кун вайро!
Келинаш ба назди Алтрапка омада, вайро лагад заданӣ шуд, саг бошад, дандон гиз карда ғуррид. Келин тарсида дуртар рафту фарёд кард:
– Падарҷон, вай дандон гиз мекунад, боз нагазад. Нигоҳ кунед, вай пояи чархи чоҳро канд. Ҳозир меафтад.
Федот гуфт:
– Ҳозир ман худам вайро мекушам!
Ӯ ба назди саг омада ба чуқурӣ нигоҳ карда дид, ки он ҷо пури тиллост! Федот аз шодӣ «оҳ» гуфта монд. Тиллоҳоро ҷамъ кардаву мегуфт: «Сипос, Алтрапка! Сипос, азизам!» Вай сагро ба пешаш чег зада, сари ӯро сила кард. Баъд ба келинаш амр дод:
– Ба Алтрапка фақат нони нарму шири гарм диҳед.
Занҳо ба саг хӯрок медоданд, вай бошад, дар сояе дароз кашида хоб мекард. Аз ин кор занҳо безор шуданду боре яке аз онҳо сагро як лагад зад. Саг, ки хеле пир буд, аз зарби як лагад ҷонаш баромад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё