Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Мӯйсафед Федот хашмгин шуд:
— Шумо пушту паноҳи ману хӯронандаи маро куштед, бераҳмҳо!

Вай ба назди дякон рафта гуфт:
— Алтрапка ном як саги дӯстдоштаам буд. Келинам вайро зада кушт. Мехоҳам, ки сагро чун одам дар гӯристон гӯр кунам.

— Чиҳо мегӯӣ! — дод зад дякон. — Кай шунидаӣ, ки сагро дар гӯристони исавиён гӯр карда бошанд. Ин кор раво нест!

— Нашӯред, ҳазрати дякон, — гуфт Федот. — Алтрапкаи ман саги бадавлате буд. Вай вақти зинда буданаш ба шумо як тилло васият карда буд.

— Тилло? Ба ман? — ба ҳайрат афтод дякон. — Ку?

— Мана, бигир!

Дякон тиллоро гирифта гуфт:
— Ман як худам ба ин кор фатво дода наметавонам, бирав, бо поп маслиҳат бикун.

Федот ба назди поп рафта гуфт:
— Ман Алтрапка ном як саги хубе доштам. Келинам вайро зада кушт. Мехоҳам, ки сагамро дар гӯристони одамҳо гӯр кунам.

— Магар девона шудӣ? — дод зад поп. — Кӣ дидааст, ки сагро дар гӯристони исавиён гӯр карда бошанд?

— Қаҳру ғазаб накун, ҳазратам, — гуфт Федот. — Алтрапкаи ман саги бадавлате буд. Вай ба ту панҷ тилло васият карда буд.

— Панҷ тилло? Ку онҳо?

— Мана, бигир.

Поп пулро гирифта гуфт:
— Ман-ку, Федот, ба ту иҷозат медодам, вале Алтрапка худаш намурдааст, ӯро зада куштаанд. Бе политсия ин кор иҷро намешавад. Ба назди урядник рафта аз вай иҷозат пурс.

Федот ба назди урядник омада гуфт:

1 Дякон — мартабаи хурди динӣ. Ёдамчии роҳиб, поп.
2 Урядник — унтер-афсар, рутбаи хурди политсия.

пешина
аз 200
навбатӣ