Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
АФСОНАҲОИ ҚАЛМИҚӢ
ХОНИ БУЗУРГ ВА
ДӮСТОНИ АЗИЗИ ВАЙ
Ин воқеа дар замонҳои қадим рӯй дода буд. Як замоне хони бузурги номдоре буд. Номаш ҳам ба худаш мувофиқ буд: Наран-Арслон1. Хон се дӯсти азиз дошт. Ӯ дӯстонашро аз тахти дил дӯст медошт. Дӯсти якумаш додари ягонааш, дӯсти дуюмаш фили зарди паррон ва дӯсти сеюмаш аспи гӯёи тиллоранги ӯ буд.
Ҳар субҳдам, пеш аз баромадани офтоб хон аз хоб хеста фикр мекард: «Дӯстони ман сиҳату саломат бошанд?» Вай ба пеши додараш омада, сари ӯро сила мекарду мӯйлаби чапи вайро тоб медод. Баъд ба назди фили зарди паррон омада, шонаи чапи ӯро сила мекард. Пас аз он ба пеши аспи гӯёи тиллоранг омада гардани бақуввати ӯро сила менамуд. Хон вақте боварӣ ҳосил мекард, ки дӯстони вай сиҳату саломатанд, ба қаср баргашта, ба ҷоғаҳ медаромаду боз хоб мерафт.
Хон ҳамаи моли дунёро дошт, вале фарзанде надошт, ки ақаллан бо гиряи ӯ дилашро шод намояд.
Хон як хоҳар дошт, ки ӯ дар хонаи хон зиндагӣ мекарду дар даштҳо сайру тамошо карданро нағз медид. Як рӯз вай саргарми тамошо шуда, хеле дур рафт. Ногоҳ сурудхонии
1 Наран-Арслон – Шери офтобӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё