Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
Бегоҳӣ Алтрапкаро ҷаноза карда, бообрӯ гӯр карданд. Ҳарчанд ки кори пинҳонӣ буд, вале ба тамоми деҳа овоза шуд. Поп гӯр кардаасту пристав иҷозат додааст, мегуфтанд.
Як рӯз архиерей¹ ва сардори политсия поп ва приставро ба уезд² чеғ заданд. Онҳо зуд пай бурданд, ки гап дар бораи Алтрапка меравад. Пристав ба назди Федот омада гуфт:
— Моро ба уезд чеғ задаанд. Ту, Федот ҳамроҳи мо меравӣ. Бо худ пул ҳам бигир.
— Пул ҳаст, — гуфт Федот.
Онҳо ба уезд омаданд. Сардори политсия аз пристав пурсид:
— Рост аст, ки сагро бар хилофи қонун дар гӯристони исавиён مثли одам гӯр кардед?
Архиерей аз поп пурсид:
— Рост аст, ки ту саги бӯгинеро дар гӯристони исавиён гӯрондай?
Ҷанҷол сар шуд. Архиерей попро дашном медод. Сардори политсия приставро дашном медод. Федот сӣ танга тилло бароварда понздаҳтои онро ба архиерей ва понздаҳтои дигарашро ба сардори политсия дода гуфт:
— Ин аз Алтрапка. Ба шумо мерос монда буд.
Онҳо пулро гирифта, боз сахттар дашном медоданд.
Сардори политсия ба сари пристав дод зада мегуфт:
— Медонӣ, барои чӣ ман туро дашном медиҳам? Барои чӣ маро ба ҷанозаи Алтрапкаи иззатманд хабар накардӣ?
Архиерей ба сари поп дод зад:
— Медонӣ, барои чӣ ман туро дашном медиҳам? Ту маро барои чӣ ба ҷанозаи Алтрапкаи азиз хабар накардӣ? Чаро бо ҳамаи зангӯлаҳо занг назадед?!
Федот бошад, ба ин гуфтугӯ гӯш дода табассум мекард. «Мана, камбағал, аз ин тоифа одамҳо адолат бихоҳу ҳақиқат биҷӯ»...
1 Архиерей – сардори роҳибон, попҳои ноҳия.
2 Уезд – шаҳри ноҳиявӣ. Маркази ноҳия.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё