Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

— Эй хонум, шумо маро табобат кардед, акнун ман тамоман шифо ёфтам.
Ӯ то бевақтии шаб бо овози ширин ва навои ятхааш1 хотири хонумро хуш кард. Вақте ки ҳаво торик шуд, вай ба назди хонуми калонӣ рафт. Вай сурати ҳамаи донаҳои тасбеҳро кашида ба хонум дод ва аз чӣ сохта шудану чӣ тавр ҷойгир шудани онҳоро баён намуд. Ва боз илова кард:
— Дар як шаб айнан ҳамин хел тасбеҳ сохтан лозим.
Хонумҳо тамоми шаб меҳнат карда тасбеҳ сохтанд ва саҳарӣ ба назди Шонҳор рафтанд.

Ҳофизи маккор рӯзи дигар ҳам ба назди хонум наомад.
— Аз афташ, Шонҳори азизи мо боз касал шудааст, одам монда аҳволашро фаҳмидан даркор, — гуфт хонуми ҷавон.
Хизматгор аз назди Шонҳор баргашта гуфт:
— Ҳофизи хушхон сахт касал шудааст. Сарашро бардошта наметавонад.
— Вайро бо замбар биёред, — амр дод хонум.

Бо амри хон ва хонум ҳофизро эҳтиёткорона ба қаср оварданд. Вай мурда барин мехобид. Хонум зуд тасбеҳашро кушода ба пешонаяш гузошт, Ҳофиз чашмашро кушод.
— Эй хонум, аҳволам якбора беҳтар шуд. Аммо беҳуда намегӯянд, ки «Табиби ҳар кас худаш». Тасбеҳатонро ба ман диҳед. Ман худам онро ба пешонаам гузорам.
— Бигир, Шонҳори азиз! — гуфт хонум ва тасбеҳро ба дасти ӯ дод.

Шонҳор тасбеҳро гирифта, ба остини росташ руст кард ва ҳамон лаҳза аз остини чапаш тасбеҳи қалбакиро баровард. Вай тасбеҳро ба пешонааш гузошта, баъд миннатдорона ба хонум баргардонид. Хонум чизеро пай набурда, тасбеҳро ба гарданаш меовезад.
— Эй хонум, акнун ман тамоман шифо ёфтам! — хитоб кард ҳофизи маккор.

Баъд ба по хеста бо суруду мусиқӣ хотири хон ва хонумро шод гардонид. Вай аз пештара ҳам хубтар суруд мехонд, ончунон зебо нағмасарой мекард, ки баъд, дигар ҳеҷ вақт ҳам,

1 Ятха — Асбоби тории мусиқӣ.

пешина
аз 200
навбатӣ