Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
Ин хел аз сидқи дил иҷро карда наметавонист. Вақте ки ҳаво торик шуд, вай ба хона роҳ гирифт. «Ҳозир ман то бардошта тавонистанам тилло мегирам, — фикр мекард ӯ. — Ман бой мешавам». Дар сари роҳ ӯро хонумҳо интизор буданд.
— Шонҳори азиз, зудтар тасбеҳи муқаддасро ба мо бидеҳ!
Шонҳор тасбеҳро ба онҳо дод.
— Эй хонумҳои нозанин, мукофоти ваъдагӣ куҷост? Ку тилло? — пурсид ӯ.
— Ҳоло ҳамин як мушт тиллоро бигир, вақте ки се супориши дигарро иҷро кардӣ, боқимондаашро ҳам мегирӣ.
— Эй хонумҳои нозанин, он се супориш чиҳо будааст?
— Гӯш кун. Тасбеҳи муқаддас хонуми ҷавонро аз қасди мардум, аз ғазаби хон ва қувваҳои шарр нигоҳ медошт. Илоҷи куштани вай набуд. Акнун илоҷ ҳаст. Коре кардан даркор, ки хони бузург худаш ӯро кушад, бо шамшери пӯлодинаш кушад. Барои ин ту бояд се ёри азизи хонро, ки онҳоро аз ҷонаш ҳам зиёдтар дӯст медорад, кушӣ. Ҳар шаб яке аз онҳоро кушта, хуни онҳоро ба дасту рӯйи хонуми ҷавон мемолӣ.
Пеши чашмони Шонҳор торик гашт. Чӣ кор кунад? Қиссаашро бори тиллоҳои ваъдагӣ вазнин мекарданд. Ӯ қарор дод: «Хонумҳо ба ман тилло ваъда кардаанд, ман онро мегирам». Баъд корд гирифта, пинҳонӣ ба пеши аспи гӯёи тиллоранг омада сари онро бурид. Ҳамин хел пинҳонӣ ба қаср омада ба дасту рӯйи хонуми хуфта хуни аспро молид.
Саҳари барвақт, мисли ҳарвақта пеш аз баромадани офтоби зарринтоб хон аз хоб хеста фикр кард: «Дӯстони азизи ман сиҳату саломат бошанд?» Вай ба пеши додараш омада мӯйлаби чапи ӯро тоб дод. Баъд ба назди фили зарди паррон омада шонаи чапи онро даст-даст кард. Пас аз он ба пеши аспи гӯёи тиллоранг омада ва дид, ки аспро куштаанд.
— Лаънатиҳо! — дод зад хон. — Кӣ аспи ба ҷон баробарамро куштааст?
Вай ба қаср шитобид, ки ин воқеаро ба хонум нақл кунад. Омада дид ва ба чашмаш бовар накард: занаш оромона мехобиду дасту рӯйи ӯ хунолуд буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё