Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
Хонуми ҷавон нишаста гиря мекард. Шавҳараш баргашт. Вақти хоб вай аз шавҳараш пурсид:
– Як чиз пурсам, хафа намешавед?
– Чаро хафа шавам, охир қисмати мо дар ҷавонӣ ба ҳам пайвастааст.
– Ин хел бошад, ҷавоб диҳед: қувваи соҳирии шумо дар чист? Се сол аст, ки мо якҷоя зиндагӣ мекунем, вале шумо ягон бор ба ман чизе нагуфтаед.
– Ман чӣ хел қувваи соҳирӣ доштаам? Аз куҷо? Инро ба ту кӣ гуфт?
Вале занаш ором нашуда пайваста мепурсид. Ин пурсуҷӯҳо ба дили хони ҷавон зад. Барои он ки занаш дигар пурсуҷӯ накунад, ӯ гуфт:
– Қувваи соҳирии ман дар табарчайи пӯлодин аст.
– Ин хел бошад, пагоҳ онро ба шикор ҳамроҳатон нагиред.
– Хайр, намегирам.
Пагоҳӣ хон ба шикор рафт. Занаш табарчаро бо шоҳию махмал оро дода ба девор овехта монд. Пас аз фурсате писари Ҳаратинхон пайдо шуд.
– Хайр, аз шавҳарат пурсидӣ?
– Пурсидам. Қувваи соҳирии ӯ дар табарча будааст.
Писари Ҳаратинхон табарчаро гирифта аз назар гузаронид.
– Эй занаки нодон! Табарчае, ки танҳо ба корҳои хоҷагӣ кор фармуда мешавад, магар қувваи соҳирӣ дошта метавонад? – Вай дарро кушода табарчаро ба берун ҳаво дод.
– Акнун гӯш кун, ки ман ба ту чӣ мегӯям: шавҳарат ҳеҷ вақт ба ту рости гапро намегӯяд. Вай ба ту ба шикор меравам мегӯяд. Вале дар асл вай хонуми дигар дорад, ки аз ту хушрӯйтар аст. Ӯ пеши ҳамон хонум меравад, рости гапро ҳам ба ҳамон хонум мегӯяд.
Хонуми ҷавон аз ин гапҳо ғусса хӯрд.
– Вақте ки шавҳарат баргашт, дурустакак пурсуҷӯ кун! – гӯён одами сиёҳ ғайб зад.
Хонуми ҷавон нишаста гиря мекард. Шавҳараш аз шикор баргашт. Вақти хоб хонум боз пурсид:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё