Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Табарчае, ки танҳо ба корҳои хоҷагӣ ба кор меояд, магар қувваи сеҳрнок дошта метавонад? Чаро шумо маро фиреб медиҳед? Агар шумо рости гапро ба ман нагӯед, пас ба кӣ мегӯед?

— Майлаш, гуфти ту шавад, мегӯям: қувваи соҳирии ман дар тозиёнаест, ки дастааш аз чӯби фарк сохта шудааст.

— Ин хел бошад, пагоҳ онро ба шикор нагиред.

— Хуб, намегирам, — гуфт шавҳараш.

Саҳарӣ, вақте ки шавҳараш ба шикор рафт, хонум тозиёнаро гирифта, аз абрешимҳои рангоранг ба он пӯпак сохт ва ба девор овехт. Ҳамон дам одами сиёҳ пайдо гардид. Вай ба куҷое, ки ният кунад, медарояд, дар куҷое, ки шишта бошад, аз ҳамон ҷо ғайб мезанад. Вай ҳозир шуда пурсид:

— Хайр, шавҳарат чӣ гуфт?

— Вай гуфт, ки қувваи соҳирии ӯ дар тозиёнаест, ки дастааш аз чӯби фарк сохта шудааст.

— Бале, қувваи мард дар тозиёна аст, — писари Харатинхон ба пеши девор чаҳида тозиёнаро аз мех гирифт, баъд фарёд намуд:

— Эҳ, зани нодон! Шавҳарат туро фиреб медиҳад. Магар тозиёнаи фарсуда, ки бо он ҳайвонро меронанд, қувваи сеҳрнок дошта метавонад? — Вай дарро кушода тозиёнаро ба берун ҳаво дод. — Бале, шавҳарат рости гапро ба каси дигар мегӯяду туро аҳмақ карда мегардад, — гӯён одами сиёҳ ғоиб шуд.

Хонуми ҷавон то бегоҳ гиря кард. Вақте ки шавҳараш аз шикор баргашт, вай пурсид:

— Ман ба хотири шумо ба ин диёри бегона омадам. Омадам, ки якумр бо шумо бошаму аммо шумо маро фиреб медиҳед. Барои чӣ? Агар донам, ки қувваи соҳирии шумо дар чист, онро ба ҳеҷ кас намегӯям.

«Агар рости гапро ба вай гӯям, чӣ мешуда бошад?» — фикр кард шавҳараш ва гуфт:

— Қувваи соҳирии ман дар зери ҳафт ва дар болои ҳафт аст.

Хонум шаби дароз фикр карду вале маънои ин суханҳои

пешина
аз 200
навбатӣ