Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

— Давлатеро, ки аҷдодамон васият кардаанд, касе кашида гирифта наметавонад. Писари Харатинхон, ки шамшери туро гирифта, боигарии туро ба хокистар табдил додааст, дар паси ана он теппа базм оростааст. Ба он ҷо бирав. Ба назди дари қаср, ки рафтӣ, туро ба базм таклиф карда бо гӯшт зиёфат мекунанд. Шамшери ту дар паси кат овехта шудааст. Номаълум ба он ҷо раву шамшерро гирифта гурез. Онҳо аз паси ту медаванд, талотӯб сар мешаваду вале туро дошта наметавонанд.

Писари бечораи Эрднихон ба сӯи қаср равон шуд. Дар он ҷо ҳама базм мекарданд. Дар назди дар, дар пеши назари ҳама қарор гирифт. Касе фарёд кард:
— Меҳмони нав омад, ӯро зиёфат кардан лозим. Даро, мусофир, марҳамат, гӯшт хӯр!

Писари Эрднихон ба қаср даромад. Як бурда гӯштро гирифта номаълум ба кат наздик шуд ва банохост гӯштро партофта шамшерро чанг зада гирифту зуд ҷахида аз қаср баромад. «Шамшер! Шамшер! Дузд шамшерро бурд!» - гӯён ҳама дод заданд ва аз пушти писари Эрднихон давиданд. Вай бошад, аллакай аз дар баромада буд ва таъкибгаронаш якбора аз дар баромада натавониста талотӯб мекарданд. Писари Эрднихон шамшерро кашида ба паҳлавони азимҷусса амр дод:
— Бигузор, занҳое, ки аз паси ман метозанд, ба модахукҳои ваҳшӣ, мардҳо ба нархукҳои ваҳшӣ мубаддал шаванд.

Вай банохост дид, ки аз паси вай подаи модахукҳо ва нархукҳои ваҳшӣ тохта истодааст. Ҳамаи аҳолии хонигарӣ давон-давон хур-хур мекарданд. Аз қаср аз ҳама охир писари Харатинхон ва хонуми ҷавон давида баромаданд. Онҳо ҳам ба хукҳои фарбеҳ табдил ёфтанд ва хур-хуркунон аз қафои подаи хукҳо шитофта, ба қамишзор даромада рафтанд.

Ана ҳамин тавр, писари Эрдни — хони Хонигарии Ҳуд ба худ пайдошуда бахти худро баргардонда аз душманонаш қасос гирифт.

пешина
аз 200
навбатӣ