Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
ПАҲЛАВОНОН
Дар замонҳои гузашта пирамарду кампире зиндагӣ мекарданд. Онҳо чил модагов ва як барзагови зарди якрав доштанд. Рӯзе дар дашт бӯрон бархосту пирамарду кампир говҳои худро ба кӯра ҳай карданӣ шуданд. Вале барзагови зард ба кӯра даромадан намехост, якравӣ карда мегурехт. Пас, мӯйсафед ба қаҳр омаду аз думи барзагов гирифта гирди сар тоб додӣ, чунон ҳаво дод, ки вай ба паси ҳафтод теппа парида афтод.
«Маълум мешавад, ки ман баҳодури ҳақиқӣ будаам» — аз дил гузаронид мӯйсафед. — Чаро ман ин қувваи худро пештар нафаҳмидаам? Эҳтимол, дар дунё каси аз ман зӯртар набошад! Агар ман паҳлавон бошам, набояд дар ин юрти танг, бо кампирам бекор шинам, бояд ба дашти беканор баромада, корнамоиҳо нишон диҳам! Шунида будам, ки дар соҳили баҳр се бародари паҳлавон зиндагӣ мекунанд. Аввал ба назди онҳо рафта зӯрозмоӣ мекунам.
Рӯзи дигар мӯйсафед ба лаби баҳр, ба назди се бародари паҳлавон равон шуд. Онҳо аз баҳр моҳӣ дошта, рӯз мегузарониданд. Мӯйсафед аввал бо бародари калонӣ вохӯрд.
— Салом, падар, аз куҷо меоеду ба куҷо меравед? — пурсид бародари калонӣ.
— Ман бо кампирам дар дашт зиндагӣ мекардам. Мо чил модагов ва як барзагови зард доштем. Як рӯз, вақте ки бӯрон хест, мо говҳоямонро ба кӯра ҳай карданӣ шудем. Аммо барзагови зард ба кӯра даромадан нахосту гурехт. Он вақт қаҳрам омаду барзаговро аз думаш гирифта чунон ҳаво додам, ки он парида ба паси ҳафтод теппа афтод. Баъд фикр кардам, ки агар ман ин қадар зӯр, паҳлавони ҳақиқӣ бошам, чаро дар юрти танг бо кампирам бекор нишинам. Бояд ба дашти беканор баромада, корнамоиҳои баҳодурона нишон диҳам. Шояд ман дар рӯи замин одами зӯргарин бошам. Боре шунида будам, ки дар лаби баҳр се бародари паҳлавон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё