Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
Вале ҳатто моҳичае ҳам нест. Мо се бародарон моҳигирем. Шумо аз бародарони ман касеро надидед?
- Ман бародари калониатро дидам. Вай маро ба назди ту фиристод.
- Ин тавр бошад, падар, ба тарафи ҷануб рафтан гиред. Дар он ҷо бародари хурдии мо моҳидорӣ мекунад. Хайр, то дидан!
Мӯйсафед ба назди бародари хурдӣ омад. Ва ҳамаашро ба вай нақл намуд: ҳам дар бораи барзагови худ, ҳам дар бораи ду бародари калонӣ. Бародари хурдӣ гуфт:
- Падар, ба тарафи ҷануб рафтан гиред. Аз пешатон як кулба мебарояд. Дар он ҷо модари мо хӯрок мепазад. Хӯрок хӯрда, дам гиред. Мо бегоҳӣ бармегардем, баъд суҳбат мекунем. Мӯйсафед ба кулба рафт. Модари паҳлавон ба вай обу хӯрок дод ва баъд аз ӯ кӣ буданашро пурсид. Мӯйсафед дар бораи барзагов нақл намуд. Кампир гуфт:
- Эҳ, пиракӣ, пиракӣ! Зудтар ба пеши кампират баргард. Ту куҷову корнамоиҳои паҳлавонона куҷо! Зиндаву саломат ба хонаат баргардӣ, шукр кун. Ҳоло ин қадар роҳи дуру дарозро тай кардан барои ту – одами пир душвор аст. Истироҳат кардан лозим. Намедонам, бачаҳоям чӣ мегуфта бошанд. Беҳтараш, ман туро пинҳон мекунам.
Вай меҳмонро дар паси сандуқ пинҳон карда, болояшро бо гилем пӯшонид.
Бегоҳӣ бародарон ба хонаашон баргаштанд.
- Як мӯйсафед ба ин ҷо наомад? – пурсиданд онҳо.
- Не, ҳеҷ кас ба ин ҷо наомадааст. – ҷавоб дод модар.
Дар ин вақт мӯйсафед аз паси сандуқ овоз баровард: - Вай дурӯғ мегӯяд. Худи ӯ маро дар ин ҷо пинҳон кард, – ва ба пеши бародарон баромад.
- Ту на танҳо лофзан, балки хоин ҳам будай, мӯйсафеди ношуд, – гуфт бародари калонӣ.
Бародарон-баҳодурон мӯйсафеди лофзанро гирифта даст ба даст ҳаво медоданд. Аз тарс қариб ҷони мӯйсафед баромада буд. Кампир тарафи ӯро гирифта ҳимоя намуд. Паҳлавонон бозиро бас карда, хӯрок хӯрданд ва хоб рафтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё