Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Рӯзе аз дашт роҳ тай мекардем. Баногоҳ борони сел борид. Мо дар теппа косахонаи калони сари аспро дидем. Мо ба ин косахона даромада аз борон паноҳ шудем. Ман аз ҳамаи рафиқонам заифтар будам, бинобар ин дар назди даромадгоҳи косахона мондам. Ногоҳ ман савораи азимҷуссаеро дидам, ки аспи сурхашро аз дашт бо суръат ронда меомад. Ӯ асп тозонда истода теппаҳоро бардошта ба боло ҳаво медод. Вақте ки ӯ наздик омад, ман аз косахонаи сари асп баромада, аспсавор гурехтам. Ана дар ҳамин лаҳза савораи азимҷусса теппаеро, ки косахонаи сари асп ва рафиқони роҳзани ман он ҷо буданд, бардошта, ба осмон ҳаво дод. Ҳамаи онҳо мурданд. Ман аспамро бо тамоми қувва мерондам. Савораи бузургҷусса маро камтар тамошо карду баъд дасташро дароз карда, маро якҷоя бо аспам бардошта гирифт. Ӯ маро барои бирён кардан ба сихи оҳанин баста ба рӯи оташ овехт. Худаш бошад, дароз кашида хоб рафт. Ман аз рӯи сих парида фуромадам. Аспи чирани дев шиҳа кашид. Аммо соҳибаш як чашм кушоду боз хоб рафт. Асп боз шиҳа кашид. Соҳибаш дод зад: «Халал нарасон, хоб равам». Вай аспро як тозиёна заду боз хоб рафт. Баъд ман сихи тафсонро аз рӯи оташ гирифта ба синаи вай халондам. Ӯ аз ҷояш ҷаҳида хеста фарёд кард: «Ку бабри ман, ки дар кӯҳҳо медавад? Ку уқобу ман, ки дар осмон парвоз мекунад? Ку наҳанги ман, ки дар баҳр шино мекунад?» Баъд афтиду ҷон дод. Аз ҳаво уқобе худашро ба ман зад. Вай якпора гӯшти баданамро канда, ба хӯрдан сар кард. Бабре ҳам тозон омада ба он гӯштпора дарафтод. Уқоб боқимондаашро ба баҳр ҳаво дод. Онро наҳанг дошта гирифт. Ман аз фурсат истифода бурда пинҳон шудам ва ҷон ба саломат бурдам. Аз он дам ман дар ин ҷо зиндагӣ мекунам.

Дев суханашро бо ҳамин ба охир расонида илова намуд:
— Барои зӯриат ҳеҷ вақт худситоӣ накун. Ҳама вақт паҳлавони аз ту зӯртар ёфт мешавад. Ба хонаат, ба пеши кампират баргард.

Ва мӯйсафед ба хонааш рафт.

пешина
аз 200
навбатӣ