Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Даст ёзонда ба сари ӯ зад. Занаш мисли алафи даравидашуда ба замин афтида, хомӯш гашт.

  • Ту чӣ кор кардӣ? – дод зад Лан, - Охир, ӯро куштӣ! Туро барои ин корат қатл мекунанд!
  • Не, - гуфт Тувзӣ. – Агар хоҳам, боз ӯро зинда мекунам. Боз ба асли қадима бармегардад, ҳатто ба хотир намеорад, ки ман ӯро зада будам.
  • Рост мегӯӣ? Магар мурдаро зинда кардан мумкин аст?
  • Мумкин. Ман барои ин кор калтаки махсус дорам, - гуфт Тувзӣ. – Ҳозир нӯги калтакро ба вай расонам, ҳама кор тахт мешавад. Нигоҳ кунед! – Ва Тувзӣ нӯги дигари калтакро ба паҳлуи занаш расонид. Занак ҳамон дам аз ҷо хеста, гӯё ки ҳеҷ воқеа нашуда бошад, аз пайи корҳои хонадориаш шуд.

Лангуазӣ бо даҳони кушода шах шуда монд. Тувзӣ гуфт:

  • Ҳама гап дар сари ҳамин калтак мебошад. Шумо, ҷаноб, худатон дидед, ки ин калтаки оддӣ нест. Бо як нӯги он одамро куштан ва бо нӯги дигараш зинда кардан мумкин аст. Ин калтак аз тилло ҳам қиматтар аст...
  • Тувзии азиз, ту якравӣ накуну ин калтакро ба ман фурӯш, вай ба ман бисёр даркор аст, – гуфт бой.
  • Наметавонам, - ҷавоб дод Тувзӣ, – Вай ба худам ҳам даркор аст. Ман бисёр бадқаҳрам, гоҳе мешавад, ки занамро зада мекушаму боз бо ин калтак ӯро зинда мекунам. Ман бе ин калтак чӣ кор мекунам?.. Маро қатл мекунанд.
  • Не, не, Тувзии азиз, бе калтак ҳам рӯзи ту мегузарад. Ман онро мехарам. Нархаш чӣ қадаре ки бошад, медиҳам.
  • Нархаш сад юанбо аст.

Бой бегуфтугӯ сад юанбо доду аспашро тозонда ба хонааш рафт. Вай дар хона калтакро ба занаш нишон дода гуфт:

  • Бин, чӣ хел чизи аҷоиб харидам, бо як нӯги ин калтак одамро куштан ва бо нӯги дигараш зинда кардан мумкин аст!
  • Ту ин калтакро аз Тувзӣ харидӣ? – пурсид занаш.
  • Ҳа, аз Тувзӣ.
  • Ин маккор то кай туро фиреб медиҳад? Дар куҷо дидӣ, ки мурдаро бо калтак зинда кунанд!
пешина
аз 200
навбатӣ