Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Гирифта ба мағорае бурданд. Дар он ҷо даҳони ҳалтаро кушоданд ва ман аз он баромадам. Атрофро аз назар гузаронда дидам, ки мағора аз дурдонаҳои калон-калон ва сангҳои қиматбаҳо пур аст. Чунон бисёр ки хоҳӣ, бо бел пур кун! Ман таваккалан як каф гирифтам. Баъд аз об баромада ба хона омадам.

— Эҳ Тувзӣ! — нолиш кард бой. — Чаро ту ин қадар кам гирифтӣ? Бисёртар, бисёртар гирифтан лозим буд. Не, туро ба он ҷо сар додан лозим набуд! Ман худам ба он ҷо меравам! Чӣ қадаре ки лозим бошад, худам мегирам! Маро ба ҳалта андохта ба дарё парто!

— Ин корро кардан мумкин, — гуфт Тувзӣ. Вай бойи хасисро ба ҳалта андохта даҳонашро сахт баст ва ба дарё партофт. Умри Лангуазӣ ҳамин тавр ба охир расид.

Бесабаб нест, ки халқи мо мегӯяд: «Аз даҳ кали айёр яке аз ҳама ҳилагартар мешавад».

ШҲУОДИ ВОНЛОЕ —
МУЙСАФЕДИ ХИРАДМАНД

Як замон дар як макон муйсафеди аҷибе зиндагӣ мекард. Танҳо ба вай муяссар шудааст, ки дар муддати умри дарози худ ҳамаи он донишеро, ки одамони рӯи Замин медонанд, аз худ кунад. Мардум бо эҳтиром ӯро Шҳуоди Вонлое, яъне Вонлоеи ҳамадон меномиданд.

Падари ӯ ҳаммоли бандар буд. Он вақтҳо ҳаммолҳо дар заврақҳо зиндагӣ мекарданд. Вонлое ҳам дар ҳамин гуна заврақ ба дунё омада буд. Кӯдакии вай дар баҳр гузашт. Маллоҳон писаракро ба сафарҳо ҳамроҳ мебурданд. Вони хурдакак бисёр кишварҳои он тарафи баҳр ва бисёр чизҳои аҷоибу ғароибро дид. Вай киштирониро ёд гирифт. Баъд ба қаъри баҳр фаромада, чанд рӯз дар он ҷо истоданро ҳам омӯхт. Вон ҳанӯз дар синни ҷавониаш ҳамаи сирру асрори қаъри баҳрро медонист. Баъд ӯ азм кард ба саёҳати хушкӣ

пешина
аз 200
навбатӣ