Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Хон-Қулуғ ба хона омада, шири шутури оддиро ба хоҳараш дод. Ӯ ширро нӯшида сиҳат шуда, зуд ба по хест.

Паҳлавон боз ба шикор рафту аз он ҷо баргашта дид, ки хоҳараш сип-сиёҳ, гӯё ки хушк шуда бошад, бемор хобидааст.

— Олдин-Оюу касали сиёҳча шудааст, — гуфт Сай-Куу. — Боре вақте ки модарам ба ин касал гирифтор шуда буд, падари накӯқорам ба ӯ ҳафт кӯза кафки сиёҳе, ки аз мавҷҳои миёнаи кӯли Ҳиндиктиг медамад, оварда буд. Ту ҳам аз ҳамон кафк биёр, шояд хоҳарат сиҳат шавад.

Хон-Қулуғ ба аспи бодпояш Хон-Шилгӣ савор шуда, онро сар-сари теппаҳо ва қуллаҳои кӯҳҳои баланд ронд. Дар роҳ ба чайлаи сиёҳ даромад.

— Ба куҷо шитоб дорӣ? — пурсид Олдин-Ҳаво.

— Ба кӯли Ҳиндиктиг меравам. Барои дарди хоҳарам кафки сиёҳе, ки аз мавҷҳои миёнаи ин кӯл пайдо мешавад, даво будааст.

— Ҳарчанд баҳодури накӯкор бошӣ ҳам, ақлат кам будааст. Охир, душманонат туро ба марги яқин фиристодаанд! Он ҷое, ки ту нияти рафтан дорӣ, хеле дур ва хеле хавфнок аст.

Вале Хон-Қулуғ гапи ӯро гӯш накард.

— Хоҳари азизи ман, ки ӯро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт мекунам, дар бистари марг хобидааст. Чӣ тавр дилам қарор мегирад, ки наравам?

Олдин-Ҳаво дар чашмонаш ашк, танҳо монд. Маълум нест, ки паҳлавон чанд вақт роҳ рафт. Ӯ зимистонро аз қираву тобистонро аз шабнам фарқ мекард. Дар охир ба ағбаи кӯҳи баланди сиёҳе баромада аз дур кӯли сиёҳро дид. «Хоҳарам ҳоло зинда бошад?» — ғамгинона фикр мекард Хон-Қулуғ ва пеш мерафт. Дар охир ба кӯли Ҳиндиктиг расид ва якчанд дарахти санавбарро бурида қайиқ сохт ва ба миёнаи кӯл шино намуд. Ӯ рӯзҳои бешумор шино кард. Ниҳоят, ӯ дар болои мавҷҳо кафки сиёҳро дид. Вай аз он кафк ҳафт кӯзаро пур карда, ба қафо баргашт. Хеле вақт шино кард. Қайиқаш пӯсида вайрон шуд. Хон-Қулуғ гоҳ худаш шино мекарду гоҳ дар болои аспаш ва дар охир коре карда ба соҳил расид ва дид, ки аспаш Хон-Шилгӣ хеле бемадор шуда, ба мурдан наздик

пешина
аз 200
навбатӣ