Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
расидааст. Он вақт паҳлавон ҳамаи гиёҳҳои шифобахши бешаро ҷамъ карда, ба аспаш хӯронд, онро барои истироҳат карда қувват гирифтан дар ҳамон ҷо монд. Худаш зину лаҷом ва ҳафт кӯзаро пуштора карда, ба хона равон шуд. Ӯ хеле роҳро тай карда, бисёр шалпару монда шуда аз по афтод. Он гоҳ ӯ зинро дар нӯги дарахти начандон баланде овехта монд. Ӯ роҳи бисёреро тай намуд, ки дар по ва баданаш ғайр аз пӯсту устухон заррае гӯшт намонд. Вай чанде дуртар аз чайлаи Олдин-Ҳавои нозанин ҳафт кӯзаро низ ба замин гузошт, зеро барои онҳоро бурдан дигар тамоман қувваташ намонда буд. Ва қувваи охирини худро ҷамъ карда хазида ба овулаш рафт. Субҳдам ӯро занаш Сай-Куу дида гуфт:
– Устухонҳои Хон-Кулуги абадзинда ва ҳамешаҷавон хазида истодаанд. Куҷой, эй Алдай-Мерган? Акнун ту метавонӣ ӯро нобуд кунӣ. Барзагови сафедро кушта пӯст кан ва устухонҳои Хон-Кулугро ба он ҷой карда бидӯз ва ба чоҳи шастсарчинаи чуқуре парто!
Алдай-Мерган чи тавре ки Сай-Куу фармуд, ҳамон хел кард. Баъд ангушти ишоратии ӯро, ки бурида гирифта буд, ба аспаш Ок-Сарик бор карда, ба баҳри Ором бурда партофт. Вай ҳамаи овули Хон-Кулугро пешандоз карда бурд. Чарогоҳҳо холӣ монданд. Дар он ҷо зоге намонд, ки қар-қар ва аккае намонд, ки шақ-шақ кунад.
Барзагови хокистарранг, рӯбоҳи сурх, ҳафт писарбачаи соҳир, се уштурбача, Олдин-Ҳавои нозанин — ҳамаашон аз рӯи тирҳое, ки ӯ ба онҳо дода буд, аз марги Хон-Кулук хабардор шуданд. Онҳо ба овул-қароргоҳи паҳлавон тохта омаданд, вале дар он ҷо касе набуд. Ҳама чоро алаф зер карда рафта буд.
Яке аз ҳафт писарбачаи соҳир қуввае дошт, ки гӯшашро ба замин монда, садоҳои масофаҳои хеле дурро шунида метавонист. Писараки дуюм изи мӯрчаеро, ки ҳафт сол пеш гузашта бошад, ёфта метавонист. Писараки сеюм изи моҳиро дар об меёфт, писараки чорум чунон зӯр буд, ки кӯҳҳоро аз ҷояшон мебардошт, писараки панҷум метавонист, ки дар як мижа задан нишон гирифта, тир парронад. Писараки шашум

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё