Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
Дӯстони ӯ ба ҳар тараф рафтанд. Паҳлавон зеҳи камонашро кашида қувваташро санҷид ва дид, ки аз пештара ҳам бақувваттар шудааст. Хон-Кулуг ба аспаш Хон-Шилгӣ савор шуда, ба ағбаи қаторкӯҳи дӯстдоштааш баромада ба фикру хаёл фурӯ рафт, ки пеш дар ин хусус фикре намекард. Баъд аз паи душмани худ Алдай-Мергани ғоратгар рафт. Вай ба аули ӯ расида, ба юрти калони сафед даромад. Алдай-Мерган аз паси сандӯқҳо ба ӯ бо ҳарос нигоҳ мекард. Дасту пои ӯ аз тарс меларзиданд.
— Ту чӣ мехоҳӣ — пӯлоди сафеду хунук ё мушти сурху гарм? Туро чӣ кор кунам, хоин? — бо овози баланд пурсид паҳлавон.
— Чӣ ҳам гӯям, Хон-Кулуг. Ба ман чӣ ҷазо раво бинӣ, ихтиёрат. Хон-Кулуги паҳлавон.
Паҳлавон Хон-Кулуг Алдай-Мерганро бардошта такон дода, чунон ба замин зад, ки устухонаш гард-гард шуд, ҳатто ба хӯрдани саг ҳам намонд ва як қатра хунаш ҳам намонд, ки рӯбоҳ лесаД.
Баъд ба юрти дигар, ба назди занаш Сай-Куу рафт.
— Ту чӣ мехоҳӣ — ҳафт шамшери сафед ё ҳафт байтали ҷавон?
— Ҳафт байтали ҷавон беҳтар аст. Охир, ин як гала мешавад!
Хон-Кулуг ӯро ба думи ҳафт байтали сафед баста, ба дашт сар дод.
Баъд чорвояшро ба чарогоҳи худ ронда бурд. Вай ба Олдин-Ҳавои нозанин хонадор шуда, ба тӯяш ҳамаи дӯстонашро даъват намуд.
Вай дар болои як теппа юрт зада, дар дашт чорвояшро мечаронд. Марди мардҳо, шери шермардҳо, паҳлавони паҳлавонҳо Хон-Кулуги ҷасур дар дунё бо ҳама дӯстона зиндагӣ мекард. То вақте ки ӯ зинда буд, оббурдаҳо дарозтар шуданду чариҳо чуқуртар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё