Зеҳн
АФСОНАҲОИ ХАЛҚИ ҶОПОН

Аз ҷопонӣ тарҷумаи Разиюддин Атоӣ

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 29 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

– Чӣ хел меҳрубонӣ ту, Ямато! Барои ғамхориат ташаккур,– гуфт соҳибхона,– кӯдаки мо ба ростӣ бемор аст.
Соҳибхоназан баромада, Яматоро ба дарун таклиф намуд.
Дар ин вақт саҳни ҳавлӣ торик шуда буд. Шамъҳоро ҳам
фурӯзон карданд. Говҳо дар назди охур кавша мекарданд.
Кӯча бошад холӣ буд, касе наменамуд.
Ямато аз паси девор нигоҳ карда, ҳамон гурбаи сиёҳро
дид, ки дар шоми боронӣ, дар гӯристон бо арвоҳ маслиҳат
мекард. Гурба торафт ба хона наздиктар мешуд ва чашмони
кабудаш аз хашм медурахшиданд. Гурба фаш-фашкунон тоб
мехӯрд. «Ниҳоят омад»,– тарсон аз дил гузаронд Ямато.
Гурба ба назди дарвоза омада, ба нолиш сар кард.
– Ой, ин чӣ бошад? Нигоҳ кунед – гурба! Аммо айнан мисли навзод нола мекунад!– соҳибхоназан ба шӯр омада, тифлашро сахттар ба оғӯш кашид!
Дар ин вақт навзод атса зад.
– Апчхи!
– Пир шав! – зуд гуфт Ямато.
– Апчхи! – боз атса зад кӯдак.
– Пир шав! – боз садо баровард Ямато.
– Апчхи!
– Пир шав!
Вақте ки духтарак бори сеюм ибораи сеҳрнокро такрор
намуд, гурба аз нолиш бозмонд ва ба ҷониби ӯ бадқаҳрона
нигоҳе карду гурехта рафт.
– Ҳа-ҳа-ҳа! – хандиданд соҳибони хона.– Чӣ ибораи аҷоибе мегӯӣ ту?
– Ҳа-ҳа-ҳа! – ногоҳ навзод ба ханда даромад.
– Нигоҳ кунед, бачаатон шифо ёфт! – хушҳолӣ кард
Ямато.– Ҳатто механдад!
Пас аз ин духтарак воқеаи дар назди гӯристон рухдодаро
нақл кард.
– Барои ҳамин ман имрӯз аз саҳро барвақттар омадам,–
гуфт ӯ дар охир.

пешина
аз 29
навбатӣ