АФСОНАҲОИ ХАЛҚИ ҶОПОН

То сари кӯҳ рафтан лозим буд, аммо ба ҳар ҳол
обро оварданд. Ноомади корро бинед, ҳарчанд об медоданд, аммо баргҳои шалғам гӯё аз ташнагӣ: «Об! Об!»
мегуфтанд. Пирамарду наберааш бошанд шалғамро об
медоданду об.
Боре онҳо ба сари чашма рафта, аз ҳайрат ангушт газиданд. Чашма хушкидабуд. Набераи пирамард ғамгин гашта,
ашк рехт. Бобояш гуфт:
– Акнун чӣ кор мекунем? Шалғамамон нобуд мешавад ва
мо аз гуруснагӣ ҳалок мегардем. Аз куҷо об ёфтанро
андешида, илова намуд:
– Биё, ҳамроҳ ба кӯҳи Тога меравем, дар он ҷо илоҳа
Сомбутсу зиндагӣ мекунад.
– Илоҳа Сомбутсу? – тааҷҷуб кард наберааш. – Кист вай?
– Ин илоҳаи аз ҳама боқуват, илоҳаи барқ, – ҷавоб дод
бобо. – Ҳамаи боронҳо бо иродаи ӯ меборанд. Чанд қадаре
ки хоҳад борон мерезонад.
– Хайр, агар вай чунин қудрат дошта бошаду ба мо ёрӣ
дода тавонад ба пешаш меравем,– нафаси сабук кашида,
гуфт набера.
Онҳо ба ҷониби кӯҳи Тога раҳсипор гаштанд. Пайроҳаи
кӯҳӣ каҷмакаҷак то рафт баландтар мебурд.
– Ҳоло то илоҳа дур аст? – пурсид набера.
– Аз ҳамин беша гузарем, он тарафаш осон,– посух дод
бобояш. Ниҳоят онҳо ба қуллаи кӯҳ баромаданд.
– Ана, расидем,– гуфт пирамард.
Духтарак ба зер нигоҳ карда, даҳонаш аз ҳайрат воз монд.
Онҳо дар сари кӯҳе буданд, ки тагаш наменамуд.
– Ин чӣ хел аст? – бо ҳайрат гуфт набера.– наход ҳамин
кӯҳи бетаг илоҳаи барқ Сомбутсу бошад?
– Бале,– ҷавоб дод пирамард.– Ин илоҳа Сомбутсу аст. Ин
кӯҳи муқаддас аст.
Онҳо ба кӯҳ саҷда карда, дастҳояшро барои дуо кушоданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё