Зеҳн
АФСОНАҲОИ ХАЛҚИ ҶОПОН

Аз ҷопонӣ тарҷумаи Разиюддин Атоӣ

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 29 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Ҳашт рӯз аст, ки омада, аз ту борон мехоҳем, вале ту хомӯшӣ.
Пирамард чунин гуфта буд, ки кӯҳ аз ҷунбиш бозмонд.
– Ҳашт рӯз боз меоям гуфтӣ? – боз савол дод илоҳаи барқ.– Эҳ, узр, бибахш! Хайр, ту охир рӯзҳо меоӣ. Ман рӯзҳо хобиданро дӯст медорам. Агар сахт бихобам чизеро шунида наметавонам. Қаҳр накун, маро бибахш!
– Хуб,– гуфт пирамард,– қаҳр намекунам. Ту ба мо борон меборонӣ ё не?
– Барои чӣ наборонам? – хандид илоҳаи барқ.– Ҳайф аст магар?
Вай нафаси чуқур кашида, хобашро паронд ва фарёд кард:
– Эй хизматгорони боэътимод, бедор шавед! Барои шумо кор пайдо шуд!
Чизе аз даруни чоҳ тақар-тақар кард ва ногоҳ дуде баромад. Дуд аз чоҳ ба ҳаво хест ва дар як лаҳза осмонро абр пӯшонд. Дар рӯйи ҳар як абр як нафар хизматгори Сомбутсу савор шуда буд.
– Во аҷабо! – тааҷҷуб карданд бобову набера.– Боронро ана ҳамин тавр месохтаанд.
– Хамёза накашед! – дод зад илоҳаи барқ Сомбутсу ба хизматгоронаш.– Беҳтараш ҳамаи полизҳоро сероб кунед!
Хизматгорон амри илоҳаро шунида, болғаҳояшонро ба абрҳо кӯфтан гирифтанд. Раъд ғуррос зад ва барқ тобон шуд.
Борони сахте борид.
– Эҳ, бас! – хаста шуда, гуфтанд хизматгорони куҳансол.
– Боз камтари дигар! – дод мезаданд хизматгорони ҷавонтар.
Бобову набера аз боридани борон хеле хурсанд шуда, ба илоҳаи барқ ташаккури зиёд гуфтанд ва ба хонаашон баргаштанд. Ба лаби полизашон расида диданд, ки шалғам кайҳо калон шудааст. Он сол ҳосили фаровон гирифтанд.
Аз ҳамон замон ин ҷониб дар байни мардум расми аҷибе пайдо шуд.

пешина
аз 29
навбатӣ