АФСОНАҲОИ ХАЛҚИ ҶОПОН

Деҳқонон гаранг шуда монданд.
– Ист! – фарёд карданд. – Ғамгин нашав! Мо туро, чӣ хеле, ки набошӣ, дӯст медорем ва ҳурмат мекунем!
Илоҳа бошад, медавиду медавид ва чизеро дидану шунидан намехост.
Деҳқонон тарсиданд. «Агар вай дигар барнагардад чӣ мешуда бошад?» – фикр мекарданд онҳо. Ҳамин тавр ҳам шуд. Илоҳа аз назари мардум дар миёни ҷангал пинҳон шуд.
Харобӣ ба деҳа омад: майсаҳо пажмурданд, киштзорҳо хушк гаштанд, дар кӯҳ дарахтон дигар намерӯиданд.
Деҳқонон намедонистанд, ки чӣ илоҷ карда қаҳтиро паси сар кунанд. Онҳо хеле вақт фикр карданд ва ниҳоят ба назди кампири солхӯрдае маслиҳатпурсӣ рафтанд. Тамоми воқеаро ба кампир нақл карданд.
Кампир каме ба андеша фурӯ рафта, гуфт:
– Ман хеле пир шудаам, дусадсол боз умр мебинам. Афту андоми ин илоҳаи кӯҳ дар хотирам нест. Худи шумо чеҳраи ӯро дар ёд доред?
– Чӣ тавр не? – бо ҳайрат ҷавоб доданд деҳқонон. – Вай ҳар баҳор ба деҳа меояд.
– Ҳоло ҳамин тавр? – боз пурсид кампир. – Вай дар ҳақиқат бадафт аст?
– Дар ҳақиқат, – гуфтанд деҳқонон. – Аммо ин тамоман аҳамият надорад! Дар ҳар сурат вай барои мо беҳтарин аст!
– Албатта, – розӣ шуд пиразани зиндагидида, – муҳимаш ин ки илоҳаи кӯҳ меҳрубон аст. Ниҳоят шармгин буданаш кори моро душвор мекунад. Маълум аст, ки аз симояш хеле шарм мекунад ва набинанд гуфта, гурехта аст. Пештар сурати худро надида будааст.
– Акнун мо чӣ кор мекунем? – пурсиданд деҳқонон, – дар деҳа қаҳтиву гуруснагӣ сар шудааст. Аз субҳ то шом дар замин кор мекунем, вале ҳосиле гирифта наметавонем.
– Шуморо лозим аст, ки махлуқи аз илоҳаи кӯҳ баднамотарро пайдо кунед, – маслиҳат дод кампир. – Бигзор вай донад, ки баднамотарини баднамоҳо нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё