АФСОНАҲОИ ХАЛҚИ ҶОПОН

дар рӯйи ҷангалу кӯҳҳо ва дашту баҳрҳо дури дур ба ҷануб мебурд. Гомбэй се шабу се рӯз парвоз кард. Дар рӯзи сеюм шамол камтар суст шуд ва Гомбэй оҳиста-оҳиста ба замин фаромад. Аз боло боми хонаҳо ва дар атроф киштзорро дид.
Дехқонон дар майдонҳо ҷав мекориданд. Гомбэй рост ба пеши деҳқонон фуруд омад. Деҳқонон корашонро партофта, ба гирдаш ҷамъ омаданд. Гомбэй ҳарчанд зӯр зад, аммо дасту пояшро ҷунбонда наметавонист, зеро се шабу се рӯз дар ҳаво дасту по зада, монда шуда буд. Ӯ ба деҳқонон салом дода, пурсид:
– Ин кадом деҳа аст? Ман ба куҷо афтода мондам?
– Ин деҳаи Акано аст, – ҷавоб доданд деҳқонон.
– Чунин деҳаро ягон бор нашунида будам. Худи шумо ҷопонӣ ҳастед?
– Албатта, мо ҷопонӣ ҳастем! Агар деҳаи Аканоро нашунида бошӣ, пас маълум мешавад, ки аз ҷойи хеле дур омадаӣ?
– Ман аз ҷазираи Ҳоккайдо, аз шимоли Ҷопон.
– Деҳаи Акано бошад дар ҷазираи Кюшю, дар ҷануби Ҷопон аст. Ту чӣ хел пайдо шуда, аз осмон ба пеши мо афтодӣ?
Гомбэй ба деҳқонон нақл кард, ки ӯро мурғобиҳо ба осмон бардоштанд ва се рӯз шамол ба ин ҷо овард.
– Акнун ба хонаат рафта наметавонӣ, – гуфтанд деҳқонон қиссаи Гомбэйро шунида. – Барои ин дар бисёр баҳрҳо шино карда, аз ҷануб то шимол пиёда роҳ гаштанат лозим меояд.
Беҳтараш бо мо зиндагӣ кун. Ба мо ёрӣ деҳ, мо ба ту ҳақ медиҳем.
Гомбэй каме фикр карда, розӣ шуд.
– Дар диёри худам касу кӯ надорам. Чаро бо шумо зиндагӣ накунам?
Ҳамин тавр Гомбэй дар ҷазираи Кюшю, дар деҳаи Акано монд. Вай дар деҳа зиндагӣ карда, ба деҳқонон ёрӣ мерасонд, ҷав мекорид ва алафҳои бегонаро мечид. Вақт зуд гузашт ва баҳор ба охир расид. Тобистон шуд. Ҷав сар баст ва дарав шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё