АФСОНАҲОИ ХАЛҚИ ҶОПОН

Вай кулоҳро бардошта, пӯшидан хост, аммо кулоҳ танг буд. Гомбэй хеле каш-каш карда, бо азобе онро ба сараш пӯшид. Барои он ки кулоҳро шамол набарад, Гомбэй риштаҳои онро ба зери манаҳаш сахт баст ва роҳашро давом дод.
Гомбэй сад қадам ҳам намонда буд, ки борон борид. Шамоли сахт вазида, кулоҳро бардоштанӣ мешуд. Аммо он ба сари Гомбэй сахт баста шуда буд.
Шамол боз сахттар шуда, кулоҳро бо Гомбэй ба ҳаво бардошт. Вай чунон баланд парвоз мекард, ки на заминро медиду на ҷангалу кӯҳсорро. Ӯ аз абрҳо ҳам боло рафта буд.
Гомбэй дар ҳаёташ бори аввал абрро аз чунин наздикӣ медид.
Вай се шабу се рӯз парвоз карда, ниҳоят оҳиста-оҳиста рӯ ба замин хам шуд.
«Акнун ба куҷо меафтида бошам?» – фикр кард Гомбэй.
Вай ба поён нигоҳ карда, деҳаи калонеро дид. Дар маркази деҳа ибодатхонаи панҷошёна меистод. Гомбэй ба боми ибодатхона афтида, дар бомгӯша овезон шуд. Дар бомгӯша овезон будан аз парвоз кардан дар ҳаво ҳам даҳшатноктар буд.
Гомбэй гирдогирди бом гашт, аммо дар он ҷо на зинаеро дид ва на норбонеро. Он гоҳ Гомбэй бо тамоми овоз фарёд кард:
– Ёрӣ диҳед! Ёрӣ диҳед!
Овози ӯро шунида, мардуми деҳа дар гирди ибодатгоҳ ҷамъ омаданд. Аввал ҳама ҳайрон буданд, ки ин овоз аз куҷо меояд. Ногоҳ бачае ӯро дида, фарёд кард:
– Дар боми ибодатгоҳ як одам!
Мардум ибодатгоҳро иҳота карда, бо боло нигоҳ мекарданд. Гомбэй аз поён мисли мӯрча менамуд. Вай ба поён нигоҳ карда, фиғон мебардошт:
– Ёрӣ диҳед! Ёрӣ диҳед!
Ногоҳ сараш чарх зад ва аз бомгӯша ба замин афтод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё