Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

3.2. МАФҲУМИ «ДЕҲҚОН» АЗ НАЗАРИ Б.ҒАФУРОВ

Академик Е. М. Жуков дар барқияи табрикотии худ ба муносибати 70-солагии академик Б. Ғ. Ғафуров навишта буд, ки «… мехостам боз як бори дигар саҳми бузурги ўро дар инкишофи илми таърихшиносии шўравӣ хотирнишон карда, изҳори боварӣ намоям, ки анъанаҳои бунёдгузоштаи Б. Ғ. Ғафуров барои донишмандони Тоҷикистони шўравӣ намунаи ибратбахш буда, дар асарҳои навини ховаршиносони шўравӣ зиндагии тоза хоҳад ёфт» [1].
Саҳми Б. Ғ. Ғафуров дар инкишофи таърихшиносиии шўравӣ, ба вижа таърихшиносии тоҷик бузургу қиёснашаванда мебошад. Мақолаву рисолаҳои бунёдии олим, ки оид ба тадқиқи паҳлуҳои гуногуни таърихи халқи тоҷик бахшида шудааст, аз ҷиддияти масъалагузорӣ, фарохии пажуҳишҳои алома равшан шаҳодат медиҳанд.
Ў ҳангоми пажуҳиши ин ё он масъала ҳадди муайяну заруриро нигоҳ медошт. «Ҳадде асту аз он гузаштани таърихшинос мумкин нест, - навишта буд академик Б. Ғ.
Ғафуров, - зеро агар вай аз ин ҳад гузарад, на ин ки таърихшинос, балки қиссапардоз мешавад» [2].
Чунин андешаву мулоҳизоти Б. Ғафуров имрўз ва оянда низ барои пажуҳандагон дарсу мактаб хоҳад буд. Дар мақолаву асарҳои Б. Ғ. Ғафуров ҳар як масъалаю ҳаводиси таърихӣ дар асоси далелҳои мушаххас ва воқеъбинона дар чаҳорчўбаи принсипи таърихият таҳлил шудааст. Мо, имрўз дар муқоиса бо қиссапардозии олимони хасакии дохилию хориҷӣ, васоити ахбори умум, китобҳои алоҳида, шабакаи Интернет бори дигар ба дақиқию воқеъиятнигории Б.Ғ.Ғафуров бовар ҳосил мекунем. Ин воқеиятро дар омўзиш ва таҳлили мафҳуми истилоҳи «деҳқон» ва таҳаввулоти он метавон бараъло мушоҳида намуд.

пешина
аз 142
навбатӣ