МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Вожаи «деҳқон» истилоҳи қадима буда, дар давраи Сосониён ба чанд маънӣ мавриди истифода қарор гирифтааст. Асосан вожаи «деҳқон» аз истилоҳи форсии «деҳгон» пайдо шудааст, ки ба маънии қария бошад [3].
Дар луғатномаҳо [4] ва фарҳанги забони тоҷикӣ [5] ин вожа ба чанд маъно шарҳ ёфтааст. Дар маънии аввал кишоварз, зореъ буда, танҳо дар маънии дуюм молики замин, заминдор, арбоби деҳ, деҳхудо меояд. Дар адабиёти классикии форсу тоҷик ин вожа ба муқобили тозию барӣ, турк ва бегона омада, ба маънии қавми аҷамӣ, яъне форсу тоҷик мавриди истифода қарор гирифтааст. Деҳгон дар қадим ба маънии мулук ё дорандаи он будааст ва шояд аз ин ҷост, ки чун моликони Эрон деҳқон номида мешуданд «ба кулл ҳамаи эрониёнро деҳқон номидаанд» [6].
Абулқосими Фирдавсӣ дар «Шоҳнома», ба ҳамин маънӣ гуфтааст:
На деҳқон, на турку тозӣ бувад,
Суханҳо ба кирдори бозӣ бувад.
Носири Хусрав, Фаррухӣ, Абўҳанифаи Искофӣ ва дигарон низ дар ғазалиёти хеш вожаи «деҳқон»-ро ба ҳамин маънӣ васеъ истифода кардаанд [7].
Б. Ғ. Ғафуров бори аввал ба истилоҳи «деҳқон» дар «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» таваҷҷуҳ намудааст.
Дар боби VIII ҳангоми таҳлили инкишофи маданият ва хоҷагии халқи тоҷик дар асрҳои VI-VII ва нуфузи давлати Ҳоқони турк ба Осиёи Миёна муҳаққиқ сохти дохилии ҷамоаи туркро инъикос намуда, сабабҳои асосии воридшавии онҳоро ба Осиёи Миёна ва муборизаи туркҳо ва Ҳайтолиёнро нишон медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё