МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Дар ин бора бештар аз ҳама маъхазҳои арманӣ маълумот медиҳанд.
Яке аз омилҳои муваффақияти муғулҳо дар он буд, ки бо ваҳшоният ва ғосибии хеш мардумро тарсонида буданд. Мардум аз ваҳм ва даҳшати истилои муғул тарки ватан мекарданд ва то метавонистанд дуртар мегурехтанд, вале ками онҳо аз қатли ом (геносид) амон меёфтанд.
Муаррихи тоҷик вазъи он замони Хуросонро чунин тасвир кардааст, ки «оламе, ки аз иморат мавҷ мезад, хароб шуд ва диёр хароб гашт ва аксари мавҷудоти зинда кушта гаштанд».
Академик Б. Ғафуров аз Ибни Асир, ки худ шоҳиди бевоситаи истилои муғулҳо буд, иқтибос меоварад, ки «…
Тоторҳо (яъне муғулҳо- Н.У.) ба касе раҳм намекарданд, занон, мардон ва кўдаконро бераҳмона мекуштанд, шиками занони ҳомиладорро пора карда, кўдакони ҳанўз таваллуднашударо сар мезаданд.…» Дар ҷойи дигар меорад, ки «Шаҳре набуд, ки аз дасти тоторҳо (муғулҳо –Н.У.) саломат монда бошад: онҳо ҳамаҷоро хароб мекарданд…».
Шаҳрҳои бузурги минтақа харобу валангор шуданд.
500 шаҳру шаҳрак ва ҳазорон деҳҳаҳои тоҷиконро тундбоди муғул ба харобазор табдил дод. Муғулон кадом шаҳре, ки ишғол мекарданд ба хок яксон намуда, мардуми онро ба қатл мерасониданд. Чи тавре дар шаҳрҳои Мовароуннаҳр ваҳшоният карданд дар Хуросону дигар мулкҳои Эронзамин низ онро идома доданд. Муаллифони асримиёна менависанд, ки дар Утрор 200 ҳазор кас, дар Нишопур 1 миллиону 747 ҳазор кас (с.1221), дар Урганҷ (с.1221) 1 миллиону 200 ҳазор (мувофиқи маълумоти дигар то 1 миллиону 400 ҳазор), дар Марв 1 миллиону 300 ҳазор кас, дар Нисо 70 ҳазор кас, дар Ҳирот (с.1222) 1 миллиону 600 ҳазор кас, соли 1221 дар Балх қатли оммавии мардумро гузаронида, дар шаҳри Рай 700 ҳазор касро куштанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё