МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Хулоса, ҷамъулҷамъ дар натиҷаи ваҳшонияти муғул зиёда аз 10 000 000 миллион нафар тоҷик кушта шудааст. Воқеан ин қатли оми тоҷикон буд ва дар таърих ҳамчун геносиди тоҷикон ном гирифт. Дар такя ба маълумоти сарчашмаҳо академик Б. Ғафуров менависад, ки танҳо дар Самарқанд бештар аз нисфи аҳолии шаҳр талаф шуд ва ба замми он 30 ҳазор косибону ҳунармандон бо аҳли хонавода ва боз ҳамон қадар аз шаҳриён ба хидмати пайвандони Чингизхон ва қўшуни муғул бахшида шуданд. Дар натиҷа шаҳр ба харобазор табдил ёфта, аз одам холӣ гардид, то ба ҳадде, ки пас аз якуним сол ҳам, қисме аз аҳолии он ба ҷойҳои худ баргаштанд, нуфуси шаҳр фақат чоряки сокинони пештараи онро ташкил менамуд (саҳ. 604). Ҳамзамон доир ба аҳволи шаҳрҳои дигар низ таъкид намуда менависад, ки муғулҳо «пас аз забт кардани шаҳр (Гурганҷ- Н.У.) ғайр аз пешаварон, кўдакон ва занон, яъне онҳое, ки ба ғулом ва каниз табдил намуданд, дигар ҳамаро сар буриданд», аз «аҳолии Марв фақат чандсад нафар пешаварони ғуломгардида зинда монда, дигар ҳама кушата шуданд», ё «аҳолии Бухоро ва сокинони атрофи он ба тарзи бераҳмонае қатлу ғорат шуданд» (саҳ.607,613).
Хисороти моддии дар даврони истилои муғул ба хоҷаги халқ, ба вижа хоҷагии кишоварзӣ расонида низ ниҳоят ҷиддӣ буд. Аз он ки теъдоди зиёди тоҷикон кишоварз буданд, кушта шуданду қувваи корӣ намерасид, заминҳои зиёди кораму боғу токзор бекор монда, ба чарогоҳ табдил ёфтанд ва дар ихтиёри чорводорони турку муғул гузаштанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё