МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Замони пайдоиш, ташаккул ва рушди силсилаи Сосониён ва Ҳайтолиёнро Пешвои миллат давраи нави эҳёи тамаддуни ориёӣ қаламдод карда, зикр менамояд, ки таърихи куҳан «бо чархишҳои ногаҳониаш ба ҷои давлати Ашкониёни Порт дудмони Сосониён ва бар ивази Кушониён тоифаи нави силаҳшўру кўчии ориёӣ - Ҳайтолиёнро ба ҷабҳаи сиёсат ва оини давлатдорӣ оварда, ба эҳёву растохези дубораи тамаддуни ориёӣ ва густариши фарҳанги зардуштӣ мусоидат» кард.
Дар ин таҳқиқот ба таври муфассал ба сари қудрат омадани хонадони Сосонӣ, ташкили низоми идоракунӣ ва молиёт, эҳёи суннатҳои аҷдодии ориёӣ, рушди илму фарҳанг, оин ва мазҳаб, бавижа оини зардуштӣ, ба як империяи абарқудрати ҷаҳонӣ мубаддал гардидани Давлати Сосониён ва баробари он муборизаи тўлонии онҳо бо ҳамқавмони ориёии ҳайтолии худ ва дигар кўчиёни воридшуда, бахусус болоравии нуфузи туркон мавриди ҳамаҷонибаи таҳқиқи Сарвари давлат қарор гирифтааст.
Зикр бояд кард, ки хулосаҳои муаллиф оид ба таърихи пайдоиш ва ташаккули давлати Ҳайтолиён, макони пайдоиш ва баромади этникӣ, забон, расму оин, ба сари қудрат омадани онҳо, инчунин низоми давлатдорӣ ва нақши онҳо дар ташаккулу рушди давлатдорӣ ва фарҳанги ориёӣ, дар заминаи сарчашмаҳои муътамад ва рисолаҳои арзишманди илмӣ комилан аз нигоҳи тоза мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Дар баробари он, муаллиф зарурати пажуҳиши ҳаматарафа ва натиҷагирии амиқро оид ба таърихи Ҳайтолиён ва давлатдории онҳоро чунин таъкид намудааст: «Сарфи назар аз тадқиқоти зиёде оид ба пайдоиш, паҳншавӣ ва мақоми таърихии қабилаҳои ориёии тўронӣ, аз ҷумла, хиониҳо масъалаи падидоӣ ва ташаккули қавмию этникии ҳайтолиҳо дар илм чандон равшан нашудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё