Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Барои ба масъалаи сарнавишти таърихии ҳайтолиҳо рўшанӣ афкандан, хоҳу нохоҳ ба тақдири ташаккулёбии саромади онҳо қавмҳои кўчманчии тўронӣ, бахусус, хиониҳо ва дигар қавмҳои ҳамнасаби онҳо бозгаштан рост меояд». Ин тарзи нигоҳ чун дастур барои олимону муаррихон дар омўзиши ҳайтолиёншиносӣ хизмат хоҳад кард.
Ба андешаи мо, рўи чоп омадани ин асари бунёдии Сарвари давлат, ки аз зарурати таърихогаҳӣ ва таърихнигории замони истиқлолияти давлатӣ маншаъ гирифтааст, дар таърихшиносии миллӣ, ҳамзамон дар омўзишу баррасии таъриху тамаддуни ориёӣ чун дастоварди бузург арзёбӣ мешавад. Аз тарафи дигар, ин таҳқиқот баробари пажуҳиши ҷиддии илмӣ будан чун дастуру роҳнамои барномавии фаъолият барои олимону муаррихон ва муассисаҳои илмӣ ва таълимии таърихии ҷумҳурӣ хизмат хоҳад кард. Пешвои миллат моро ҳидоят мекунад, ки дар омўзишу тадқиқи таърихи миллату давлати хеш ҷиддӣ бошем, барои насли имрўзу фардо асарҳои пурарзиш ба табъ расонда, бо ин амал дар тарбияи насли наврас, ҳифзу нигаҳдошти арзишҳои таърихию фарҳангии аҷдодии хеш содиқона хизмат намоем. 19 марти соли 2018 Пешвои миллат зимни суханронии хеш дар вохўрӣ бо зиёиёни кишвар бори дигар таъкид намуд, ки «Дарвоқеъ, таърих ойинаи ҳар як халқу миллат мебошад. Мо бояд ин ойинаро ҳамеша беғубор нигоҳ дорем, то ки мардум ва махсусан, наврасону ҷавонон роҳи пуршарафи тайкардаи халқамонро дар он равшану возеҳ дида тавонанд».

пешина
аз 142
навбатӣ