Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Насрулло Убайдулло: Сарвари давлат дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат дар баробари рушди илму маориф ва сифати таълиму тарбия ба нақши китобхонаҳо ҳамчун маркази муҳими илму фарҳанг ва омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ, муҳимтарин воситаи баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии сокинон ва пешрафти тафаккуру ҷаҳонбинии онҳо бештар таваҷҷуҳ намуданд, ки ин бесабаб нест. Зеро дар шароити рушди босуръати технологияи итилоотии имрўза, ки аз кўчактарин то бузургтарин аҳли ҷомеа аз истифодаи фаъоли он бархӯрдор аст, таваҷҷуҳ ба китоб ва китобхонӣ, махсусан, дар байни насли наврас ва ҷавонон ба маротиб коҳиш ёфтааст. Ташкили чорабиниҳои сатҳи гуногун, озмунҳо, ба мисли озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ…», зиёд намудани теъдоди китобхонаҳо, нуқтаҳои паҳнкунанда ва фурўши китоб, аз ҷумла, китобҳои электронӣ ва дигар маъракаю ҳамоишҳо тадбири муҳиме дар роҳи ҳар чи бештар ҷалб намудани аҳли ҷомеа ба хониши мустақилонаи китоб мебошанд.
Тоҷикон таърихан ва табиатан мардуми соҳибфарҳанг, тамаддунофар, китобдору китобхонанд ва кам нестанд шумораи китобҳое, ки имрўз хондани он ба ҳар як фарди ҷумҳурии соҳибистиқлол зарур ва ҳатмӣ аст. Дастури Пешвои миллат ба ҷомеаи кунунӣ доир ба хондани китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосир ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ ҳидояти саривақтӣ ва хирадмандона аст.

пешина
аз 142
навбатӣ