МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
АМИТ «Ховар»: Пешвои миллат, инчунин, дар Паёми хеш ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки бо мақсади омўзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров - «Тоҷикон»-ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Сарвари давлат ба ҳар як оилаи мамлакат туҳфа намоянд. Ба андешаи шумо, омўзиши ин асари бунёдӣ ва чопу дастраси ҳар хонаводаи мамлакат намудани ин китоби арзишманд чӣ аҳамият дорад?
Насрулло Убайдулло: Бешак, яке аз китобҳое, ки хондани он ба сокинони мамлакат ва ҳар нафар тоҷики худшинос заруру воҷиб аст, ин «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров мебошад. «Арзиши илмии ин асари бунёдӣ,- таъкид менамоянд Пешвои миллат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ,- бениҳоят бузург аст ва Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мо ва мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини миллатамон шинос кард».
Аз ин рў, иқдоми Пешвои миллат дар самти тавассути фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп ва дастраси ҳар хонаводаи мамлакат намудани ин китоби арзишманд бисёр беназир буда, таҳрикдиҳандаи эҳсоси ватандўстӣ ва ифтихори миллӣ дар ниҳоди ҳар сокини кишварамон хоҳад гардид.
Воқеан, таърихи пурифтихори халқи тоҷик бузургтарин мактаби худшиносӣ барои сокинони мамлакат, ба вижа наврасону ҷавонони он мебошад. Роҳи асосии шиносоии ҷавонону калонсолони мамлакат бо ин мактаб-омӯзиши адабиёти илмию бадеии таърихӣ аст. Танҳо бо хондану омӯзиши чунин асарҳо насли имрӯза ва ояндаи ҷумҳурӣ дар руҳияи меҳанпарастию миллатдӯстӣ ва худшиносию дарки ҳувияти миллӣ тарбия ёфта, аз саҳифаҳои дурахшон, қаҳрамонию диловарии гузаштагон, нақши пешгузаштагони худ, дар таърих ва тамаддуни ҷаҳонӣ огаҳӣ пайдо менамоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё