Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

«Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар заминаи асноду далел, бо истифода аз сарчашмаю мадракҳои таърихӣ ва таҳлили дақиқонаи пажуҳишҳои илмии таърихшиносию ховаршиносии ватанию хориҷӣ таълиф гардидааст. Шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун асари бунёдии тадқиқотӣ аз рўзи аввал дар илми таърих ва ховаршиносии ҷаҳон мақоми арзанда ишғол намуд, ки шаҳодати ин чоп шудани тақризҳои зиёд аз тарафи олимони шинохта ва тарҷума гардидани он ба забонҳои гуногун дар давлатҳои хориҷӣ мебошад. Олими барҷаста, ки худ муддати зиёда аз 20 сол сарварии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои собиқ СССР-ро ба зимма дошт ва тавонист обрӯю нуфузи ин пажуҳишгоҳи илмиро ба сатҳи ҷаҳонӣ барорад, ба таърихи миллати хеш аз мавқеи воқеият, бо асноду далели қавӣ дар чаҳорчўбаи муқаррар намудаи илми замон ҳамчун ҷузъи таркибии таърихи умумибашарӣ муносибат намудааст.
АМИТ «Ховар»: Бале, Шумо дуруст мегўед, академик Бобоҷон Ғафуров ягона олими тоҷик буд, ки ўро чун сиёсатмадори варзида дар миқёси ҷаҳон, хусусан, дар Шарқ хуб мешинохтанд. Бо ташаббус ва зери тахрири ў танҳо бо забони англисӣ қариб 30 асар дар мавзуъҳои муҳимми таърихи мамлакатҳои Шарқ нашр гардидаанд…
Насрулло Убайдулло: Ҳамин тавр аст, академик Бобоҷон Ғафуров таърихи халқи худро дар робита ба таърихи бою рангини Шарқ ва дар пайвастагӣ бо таърихи дигар сокинони минтақа тадқиқ намуда, дар баробари тоҷикон нақши онҳоро низ дар рушди минтақа нишон додааст.
Бобоҷон Ғафуров бо чопи ин шоҳасар исбот намуд, ки тоҷикон дорои таърихи бениҳоят бой ва тўлонӣ ҳастанд ва ниёзе ба таърихи сохтаю бофта ё таҳрифи таърих надоранд.

пешина
аз 142
навбатӣ