МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
АМИТ «Ховар»: Олимон бар ин назаранд, ки ин китоби пурарзиш дар баробари «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, «Таърихи Бухоро»-и Абӯбакри Наршахӣ, «Сиёсатнома»-и Низомулмулк чун шиносномаи халқи тоҷик барои асрҳои оянда низ хизмат менамояд. Шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун асари бунёдии тадқиқотӣ дар илми таърих ва ховаршиносии ҷаҳон чӣ гунна мақомро ишғол менамояд?
Насрулло Убайдулло: Академик Бобоҷон Ғафуров, ки худ бешак дар саргаҳи омўзиши илмии таърихи халқи тоҷик ва ташаккули таърихшиносии миллӣ меистод ва ин китобро дар шароити бениҳоят вазнин офарида буд. Бо таълифи ин асар ӯ ба оноҳое, ки бо ҳар роҳу восита тоҷиконро ҳамчун халқи соҳибтаъриху тамаддунофар ва сокинони аслии марзу буми минтақа нодида мегирифтанд, зарбаи қотеъона зад.
Аз «Таърихи мухтасари халқи тоҷик», ки ҳанӯз соли 1947 бо забони тоҷикӣ нашр шуда буд ва баъдан шакли таҳкимёфта ва пурратари он бо забони русӣ (се маротиба дар Москва нашр шудааст) то нашри русии «Тоҷикон»
(соли 1972) ва нашри тоҷикии он (солҳои 1983, 1985) дар такя ба консепсияи қавии илмӣ таърихи тўлонии халқи тоҷик бо тамоми паҳлуҳояш ба риштаи тасвир кашида шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё