МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Баъдан, таърихи ҷомеаи инсонӣ гувоҳ аст, ки танҳо «худшиносӣ ва ифтихори миллӣ пойдевори бақои миллати соҳибэҳтиром ва бофарҳанг аст. Миллате, ки забон, тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, расму оин ва арзишҳои фарҳангиашро қадр намекунад, пояҳои истиқлолияташро низ чандон дер пуштибонӣ карда наметавонад» ва ҳамзамон, «миллате, ки хотираи таърихӣ ва ҳувияти миллиашро поснамедорад, хоҳу нохоҳ гирифтори сарнавишти талху фоҷиабор» мегардад. «Воқеан, - таъкид менамоянд Пешвои муаззами миллат,- мактаби худшиносӣ, истиқлолият ва давлату давлатдории миллӣ баробари чандин омилҳои айнию зеҳнӣ боз як омўзгори хеле сахтгиру нуктасанҷе дорад, ки онро таърих меноманд», зеро «таърих роҳи гузаштаву имрўзу ояндаро пешорўйи мо қарор дода, чун ҳаками одил гиреҳи бурду бохтҳои силсилаи давлату давлатдориҳои тоҷиконро бароямон мекушояд».
Пешвои муаззами миллат тавассути чунин ҳикмату фалсафаи таърих дар паёму суханрониҳо, дастуру супоришҳо, таҷлили санаҳои муҳими таърихӣ, арҷгузорӣ ба хидмату корномаҳои нухбагони таъриху фарҳанг, илму адаб, ҳифз ва эҳёи суннатҳои миллӣ, мақолаву асарҳои пурарзиш назари салим ва ҳакимонаи худро ба масоили гуногуни сабақомўзи таърих иброз намуда, дар таҳқиқи саҳифаҳои рангини таърихи халқи тоҷик нақши арзандаву мондагор мегузоранд.
Таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллатро беш аз ҳама, масоили таърихи куҳан ва тамаддуни бостонии тоҷикон ва нақши онҳо дар рушди фарҳанги башарӣ ба худ кашидааст. Асарҳои пурарзиши Пешвои муаззами миллат, ки ба таҳлилу баррасии таърихи рангини миллат ва пайвастагии зичи он ба имрўзу фардои кишвару миллат бахшида шудаанд, нақши мондагору муассир доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё