Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

1.2. НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ
РАҲМОН ДАР ОМЎЗИШ ВА ЭҲЁИ ТАЪРИХИ
БОСТОНИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Фазои озоди замони Истиқлолият ба пажуҳиши таърихи пурошўбу пурҳаводиси тоҷикон роҳи фароху муҳити созгорро баҳри рў овардан ба ғояҳо ва арзишҳои миллӣ, оину суннатҳои аҷдодӣ, эҳёи низоми давлатдории миллӣ ва пайдо шудани назари жарф ба таъриху тамаддуни тоҷикон муҳайё намуд. Роҳнамо ва эҳёгари мафкураи миллӣ дар омўзиши масоили мазкур пеш аз ҳама Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбанд. Маҳз тавассути фарҳанги давлатдории Сарвари давлат пас аз Сомониён дар таърихи миллати тоҷик баъди чандин аср манофеъ ва аҳдофи миллӣ дар сиёсати давлат мақоми калидӣ ва меҳварӣ пайдо намуда, дарунмояи он ба муҳимтарин равандҳои сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ табдил ёфт.
Таваҷҷуҳ ва руҷўи Пешвои миллат ба таърих аз ибтидои ба симмати Сарвари ҷумҳурии соҳибистиқлол интихоб шуданашон бе ҳикмат набуд. Аввалан, дар давраи ниҳоят ҳассоси солҳои 90-уми асри гузашта, ки қисмат ва тақдири ҷумҳурии тозаистиқлол ва масъалаи пора-порашавии давлату миллати тоҷик ба миён омада буд, рў овардан ба гузаштаи миллат, оину суннатҳои арзишманди аҷдодӣ ва худогоҳию худшиносии миллӣ метавонист наҷотбахши кишвару миллат гардад. Зеро ба андешаи Пешвои миллат: «Ашхоси аз решаву насаби хеш канда, одатан, аз хотираи таърихӣ, гузаштаи пурифтихор ва мероси фарҳангии миллати худ бенасиб монда, чун махлуқи худпараст, бемасъулият ва бегонапарвар ба камол мерасанд ва гирифтори тафаккури ғуломона мегарданд».

пешина
аз 142
навбатӣ