МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Маҳз дар доираи чунин барномаҳо омўзиш ва лоиҳаҳои таъмиру таҷдиди ёдгориҳои Муъминобод, Муғтеппа, Санҷаршоҳ, Вомар, қалъаҳои Хуҷанд, Ҳулбук, Кўлоб, Шаҳритус, Исфара, дайри буддоии Аҷинатеппа, Тахти Сангин, Саразми бостонӣ, Ямчун, Шайдони Сари Хосор, ёдгориҳои Кангурт, Золи Зар, Фархор, Роштқалъа, Мурғоб ва амсоли онҳо дар замони Истиқлолият ба роҳ монда шуданд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ омўзиш ва таҳқиқи бостоншиносии қаламрави кишвар вусъати тоза пайдо намуд ва теъдоди экспедитсияҳои археологӣ бо ҷалби мутахассисони шинохтаи ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар ба маротиб афзуд. Дар ин самт фаъолияти бостоншиносони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро махсус таъкид кард, ки шумораи ковишҳо ва ҳафриётҳои бостонӣ сол ба сол дар ҳудуди ҷумҳурӣ густариш ёфта, саҳифаҳои нави таърихи рангини ниёконро ошкор ва дастраси ҷомеаи кишвар ва ҷаҳон мегардонанд. Танҳо дар давоми соли 2019 аз ҷониби Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш 22 экспедитсияи археологӣ ташкил шуд, ки аз ин 12 экспедитсияи муштараки сатҳи байналмилалӣ буд. Бостоншиносони Академияи илмҳо дар мавзеъҳои Кангурттут, Фархор, Хонақоҳ, Кўлдара, Ҳулбук, Саразми бостонӣ, Панҷакенти кўҳна, Ҳисорак, Карон, Санҷаршоҳ, ёдгориҳои ҳудуди ноҳияҳои Роштқалъа, Мурғоб, Шаҳринав, Ҳисор, Турсунзода, Данғара, Ҷалолуддини Балхӣ ва мавзеъҳои дигар корҳои илмӣтаҳқиқотӣ бурданд. Дар омўзиши таърихи қадим ва бостоншиносии ҳудуди ҷумҳурӣ ҳамкорони хориҷӣ, ба вижа бостоншиносон аз Федератсияи Руссия, Олмон, Фаронса, Португалия, Дания ва кишварҳои дигар баробари муҳаққиқони ҷумҳурӣ нақши муассир доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё