МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Минбаъд низ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доираи омўзиши археологии ҳудуди кишварро бо ҷалби мутахассисон вусъат дода, барои пурра фаро гирифтани раванди омўзиши ёдгориҳои бостонии кишвар фаъолият хоҳанд намуд.
Пешвои муаззами миллат на танҳо тавассути асарҳо ва суханрониҳои худ оид ба ҳифз ва эҳёи таърихи бостонии миллати тамаддунофари тоҷикро ҳидоят менамоянд, балки ҳангоми сафарҳои корӣ, баробари ба даст омадани имконияти аввалин аз рафти таҳқиқу омўзиш ва нигаҳдошти ёдгориҳои таърихии кишвар огаҳӣ пайдо намуда, барои ҳифзу барқарорсозӣ ва дастраси сайёҳони ватанию хориҷӣ гардидани онҳо тадбирҳои мушаххас меандешанд.
Маҳз бо мақсади арҷгузорӣ ва ҳимоя аз мероси ғании фарҳангии ниёкон Пешвои миллат аз ёдгориҳои нодир ва бостонии шаҳри Саразм, Ҳулбук, Мунк, Қалъаи Хуҷанд, ёдгориҳои Қубодиён, бахусус Тахти Сангин, осори давраи қадим ва асри миёнаи Ховалингу Тавилдара, ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Ҳисор, Дарвоз, Истаравшан, Спитамен, Балҷувон, Исфара ва дигар мавзеъҳо дидан намуда, баҳри эҳё ва тармиму барқарорсозии онҳо саҳми худро гузоштаанд.
Чунончи, моҳи августи соли 2003 ва сентябри соли 2005 ду маротиба аз ёдгории нодири давраи энеолит ва аҳди биринҷии Саразми бостонии шаҳри Панҷакент дидан намуданд. Моҳи сентябри соли 2005 ҳангоми сафари навбатии кории худ ба шаҳри Панҷакент бо корҳои ҳафриётӣ ва пажуҳишии бостоншиносон дар мавзеи Саразм ошно шуда, ин ёдгории нодирро ҳамчун зиёратгоҳ ва яке аз хатсайрҳои асосӣ барои меҳмонони Форуми ҷаҳонии тоҷикон интихоб карданд. Дар ин замина Пешвои миллат назди масъулони соҳа ва бостоншиносон вазифа гузоштанд, ки ҳафриётҳои Саразм рўпўш карда шуда, ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои шомил сохтани ин ёдгорӣ ба Феҳристи фарҳанги моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО омода карда шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё