МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Ин ашёҳо асосан аз тилло, нуқра, биринҷ, оҳан, оҷ (устухони фил), шиша, санг, гаҷ, гил мебошанд ва анвои гуногуни аслиҳаи ҷангӣ ба мисли найза, пайкон, шамшер, ханҷар, сипар, хўд ва ғайра низ мавҷуданд, ки дар ҳолати хеле хуб маҳфуз мондаанд. Ба андешаи олимон дафинаи бебаҳое, ки бо номи «Хазинаи Амударё» машҳур ва дар осорхонаи марказии Лондон маҳфуз буда, аз ҳамин дафина интиқол ёфтааст.
Таваҷҷуҳ ва ташрифи бевоситаи Пешвои миллат ба Тахти Сангин ба олимон ва онҳое, ки ба омўзишу ҳифз ва арҷгузории осори таърихию фарҳанги бостонӣ дилбастагӣ доранд, умеди тозае пайдо намуд, зеро маҳз сиёсати фарҳангпарваронаю миллатдўстонаи Сарвари ҷумҳурӣ манншаъи асосии руҷўи ҷомеаи кишвар ба таъриху тамаддуни арзишманди ниёкон гардида буд. Дар ин сафари худ низ Пешвои муаззами миллат олимону масъулони соҳаро ба он муваззаф намуданд, ки оид ба ҳифз, омўзиш ва ба ҳолати дилхоҳ овардани ин мавзеи нодири таърихӣ дархосту пешниҳодоти худро омода намуда, ҳарчи тезтар ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намоянд. Ҳамзамон Пешвои миллат иброз доштанд, ки имрўз зарурати аз Лондон ба ватани аслии худ баргардонидани «Хазинаи Амударё» ба миён омадааст.
Беҳтарин роҳи беҳдошт ва муаррифии ёдгориҳои қадимаи кишвар таҷлили санаҳои таърихӣ ва қабули барномаҳои мақсадноки давлатӣ, ҷалби ташкилоту созмонҳои илмию фарҳангии ватаниву хориҷӣ барои амалишавии ин мақсади наҷиб мебошад. Агар аз мавқеи имрўз моҳият ва пайомади ҷашнҳо ва таҷлили санаҳои таърихиро ба мизони андеша гирем, ҳар кадоме аз онҳо дар худшиносии милливу таърихии ҷомеаи кишвар мақоми хос доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё