Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Бо ин иқдоми мондагори Пешвои муаззами миллат дар роҳи эҳё, таҷдиду тармим ва абадӣ гардонидани намунаҳои мероси маънавии ниёкон дар давоми солҳои 2003-2005 панҷ ҳафриёти Саразм рўпўш карда шуда, ҳудуди он бо панҷарадевори мустаҳкам зери ҳифозат гирифта шуд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2001 Саразми бостонӣ мамнуъгоҳи таърихӣ-бостоншиносӣ эълон гардид.
Моҳи апрели 2007 Пешвои миллат ҳангоми сафари кории худ ба ноҳияи Қубодиён аз мавзеии таърихии Тахти Сангин дидан намуданд. Ин мавзеи таърихӣ дар наздикии сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон ҷойгир буда, яке аз ёдгориҳои пурарзиши таъриху фарҳанги тоисломии тоҷикон маҳсуб меёбад. Шаҳристони Тахти Сангин дар масоҳати зиёда аз 80 гектар ҷой гирифта, атрофи онро деворҳои баланди мудофиавӣ ишғол намудааст. Ин мавзеи таърихӣ солҳои тўлонӣ аз ҷониби бостоншиносони шўравӣ ва хориҷӣ омўхта шуда бошад ҳам, то ҳол тамоми ҳудуди шаҳр ва мавзеъҳои атрофи он ба таври пурра таҳқиқ наёфтааст.
Таваҷҷуҳи Пешвои миллатро маъбади оташ бо дарозӣ ва паҳноии 51х51 м., биноҳои истиқоматӣ, косибӣ ва амборҳо, толори сафеди мураббаъи андозааш 12х12 м., чор сутуни калони он, деворҳои баландиашон то 5 м., оташкадаҳо, муҷассама ва ашёи дигари шаҳристони Тахти Сангин, ки дар ҳолати хуб маҳфуз мондаанд, бештар ба худ ҷалб намуданд. Шумораи бозёфтҳои ин мавзеъ беш аз 12 ҳазор ашёро ташкил медиҳад, ки ҳамаи он дар Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд.

пешина
аз 142
навбатӣ