МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба миён омадани воқеияти нави сиёсию иҷтимоӣ пеш аз ҳама дар шуур ва худшиносии ҷомеа таҳаввулоти ҷиддӣ ба миён овард. Назари аҳли ҷомеаи ҷумҳурии соҳибистиқлол ба ҷаҳон, кишвар, миллат ва таъриху фарҳанги он куллан тағйир ёфт. Акнун таърихи халқу кишвар ҳамчун қисми таркибии таърихи башар, минтақа ва тамаддуни мардуми ориёитабор мавриди омўзишу баррасӣ қарор гирифт.
Яъне таърихи халқи тоҷик ҳамчун ҷузъи таркибии таърихи ҷаҳонӣ ва таърихи инсоният пазируфта шуд, нақши муттаҳидкунандаю созандаи он дар ҷомеа пайгирона истифода мешуд. Таърих ҳамчун як сарчашмаи воқеии худшиносии миллӣ, қабл аз ҳама, бунёди давлати соҳибистиқлол, ваҳдати миллӣ, рў овардан ба гузаштаи пурифтихор, ҳифзи тамаддуну мероси фарҳангии ниёгон ва поси хотири шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги миллат гардид.
Зикр бояд кард, ки таърих ҳамеша дар давраҳои гузариши ҷомеа аз як зина ба зинаи дигар мақому манзалати хосса пайдо менамояд, зеро созандагони ҷомеаи нав ҳамеша кўшиш менамоянд, ки тимсоли воқеаю падидаҳои ба вуқуъ омада ва роҳи ҳалли мушкилоти мавҷударо аз гузашта ҷустуҷў намоянд. Дар ин ҳолат таърих ва ҳаводиси таърихӣ, корномаву пайкори чеҳраҳои мондагор, зиндагиву таҷрибаи нухбагону қаҳрамонон ҳамчун сарчашмаи муҳимми ифтихор ва намунаи ибрат ба хотири созандагию бунёдкорӣ ва рушди ҷомеаи нав истифода мегардад.
Чунин таҷриба дар таърихи миллату халқҳои гуногун, бахусус дар ҳолатҳои мураккабу ҳассос, дар айёми таҳдид ва хатарҳои ҷаҳонию минтақавӣ, ҳуҷуму лашкаркашиҳои бегонагон борҳо истифода шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё