Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Истиқлолият дар баробари ин ба гузориши масъалаҳои муҳимми илмии таърихӣ, метод ва методологияи таҳқиқоти таърихӣ, мақсад ва ҳадафи ниҳоии пажуҳишҳо низ дигаргунии ҷиддӣ ворид намуд. Пеш аз ҳама пошхўрии чаҳорчўбаи қавии идеологӣ, ки рушди илми таърихро ба ҳадафҳои асосии ҷомеаи шўравӣ комилан мутобиқ сохта, дар доираи методологияи ягонаю ҳатмӣ иҷрои вазифаҳои мушаххасу муайянро талаб мекард, боиси таҷдиди назар ва истифодаи усулу равишҳои гуногун дар таҳқиқи масоили таърихӣ гардид. Табиист, ки раванди гузариш аз методологияи солҳои тўлонӣ ҳукмрон ва дарёфти методологияи нави илмӣ, консепсияи илмии таҳқиқи таърих дар муддати кўтоҳ ба вуқуъ намеояд. Аз ин рў, дар ибтидо роҳҳо ва усулҳои гуногуни омўзиш ва таҳқиқи таърихи халқи тоҷик вусъат пайдо намуд, назарияҳои гуногун ва мухолифи ҳам, пеш аз ҳама пурра инкор намудани дастоварду натиҷаҳои баъзе марҳалаҳои таърихӣ, ё ба таври маснўи мувофиқ сохтани таърихи халқи тоҷик ба консепсияю мавқеи мактабҳои комилан бегона роҳ ёфтанд. Ба таҳқиқу омўзиши таърихи халқи тоҷик афроде даст ёфтанд, ки таҳкурсии қавии илмӣ ва ё асосҳои назариявии касбиро соҳиб набуданд, таъриху матолиби таърихиро бештар ба мақсадҳои ғайриилмӣ истифода мекарданд.
Ҳарчанд теъдоди бештари муҳаққиқони касбӣ аз мавқеи ҳамон консепсияи илмии таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, ки бунёди онро академик Б.Ғ. Ғафуров гузошта буд, пажуҳишро идома медоданд.
Консепсияи илмии таҳқиқу омўзиши таърихи халқи тоҷик ҳанўз дар замони шўравӣ аз ҷониби академик Б.

пешина
аз 142
навбатӣ