Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Баробари он, дар асарҳои мазкур таҳқиқу баррасии масоили мубрам ва умдаи таърихи халқи тоҷик ба вежа таърихи тамаддуни қадими ниёгон, масъалаи ориёиҳо ва тамаддуни ориёӣ, ташаккул ва рушди фарҳанги давлатдории тоҷикон дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ, талошу муборизаҳои истиқлолхоҳии ниёгон, нақши Шоҳроҳи абрешим дар пайвасти гузаштаву имрўза ва оянда, бозёфтҳо ва хазинаву дафинаҳои арзишманди аҳди бостон ба мисли Дафинаи Амударё, Авасто ҳамчун нахустин қомусномаи ниёгон, Зардушт-паёмбари оини ростин, марказҳои аввалин ва гаҳвораи давлатдории тоҷикон-Бохтару Суғд, этногенез ва равандҳои этникӣ, нақши хонадонҳои ҳукмрон ва давлатҳои аҷдодӣ дар таърихи миллат ва амсоли онҳо ҳамчун самтҳои асосии пажуҳиш дар илми таърихшиносии миллӣ муайян шуданд.
Вобаста ба гузориши самтҳои муҳим ва нигоҳи нави пажўҳиш ба таърихи миллат, ки такя ба ҳадафҳои миллии замони Истиқлолият доранд, таҳқиқу омўзиши баъзе масоили таърихӣ ба мадди аввал баромада, гузориши бархе аз онҳо вусъати тоза пайдо намуданд. Пеш аз ҳама таҳаввулоти ҷиддӣ дар раванди таҳқиқу омўзиши шинохти миллат, таърихи ташаккул ва марҳалаҳои асосии рушди он, этногенез ва таърихи этникии халқи тоҷик, оин ва суннатҳои чандинҳазорсолаи давлатдории аҷдодӣ, таъриху тамаддуни ориёӣ, шинохти комилан нави таъриху фарҳанги давлатдории Сомониён ва дигар хонадонҳои тоҷиктабор, умуман нигоҳи нав ба фарҳанги гузашта ва мақому нақши тоҷикон ҳамчун сокинони бумии минтақа дар ташаккул ва рушди тамаддуни минтақа ва ҷаҳон ба назар мерасанд.

пешина
аз 142
навбатӣ