Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ғафуров тавассути таҳқиқотҳои бунёдӣ ва асарҳои мондагор, ба вижа «Тоҷикон» пешниҳод гардида буд, ки ба таҳкиму вусъати он олимони алоҳидаи ватаниию хориҷӣ бо пажуҳишҳои ҷудогона нақши муассир гузоштанд. Аммо ин консепсияи илмӣ дар замони Истиқлолият пеш аз ҳама дар асарҳо, мақолаҳо ва баромадҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам мукаммалтару мустаҳкамтар гардида, хилъати миллӣ ба бар кард ва мафкураи ифтихор аз таъриху фарҳанг, неруи созандагию офарандагии гузаштагон, ва тоҷик буданро дар ҷумҳурӣ ва берун аз он пойдор гардонид. Махсусан, рисолаҳои пурарзиши «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» (Иборат аз чор китоб. Душанбе, 2009), «Фарҳанг ҳастии миллат»
(Душанбе, 2001), «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» (Иборат аз 12 ҷилд. Душанбе, 2002-2009), «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун» (Душанбе, 2006), «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ: андешаҳо дар остонаи ҷашни Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ» (Душанбе, 2006-2007), «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёиҳо»
(Душанбе, 2006, Лондон, 2019), «Забони миллат-ҳастии миллат» дар ду китоб (Душанбе, 2015, 2018), «Чеҳраҳои мондагор» (Душанбе, 2016) дар ташаккули консепсияи нави пажуҳишу омўзиши таърихи халқи тоҷик нақши бориз гузоштанд. Ин асарҳо, ки аз зарурати таърихогаҳӣ ва таърихнигории замони истиқлолияти давлатӣ маншаъ гирифтаанд, баробари пажуҳиши ҷиддии илмӣ будан, чун дастуру роҳнамои барномавии фаъолият барои муҳаққиқони ҷумҳурӣ хидмат менамоянд.
Пешвои миллат зарурати таҳқиқу омўзиши воқеии таърихро бидуни ҳамагуна таҳрифу муболиға ва муаррифии ҳамаҷонибаи онро барои сокинони ҷумҳурӣ ва ҷаҳониён пеш мегузоранд.

пешина
аз 142
навбатӣ