Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Шумораи мактабҳои усули ҷадид дар ҳудуди кишвари Туркистон босуръат меафзуд, соли 1908 дар чаҳор шаҳри калони кишвар - Тошканд, Андиҷон, Хўқанд ва Самарқанд 35 мактаби усули ҷадид амал мекардааст ва то соли 1917 шумораи онҳо ба 92 адад расидааст [8].Тазаккур бояд дод, ки баробари мактабҳои усули ҷадид дар кишвари Туркистон мактабҳои ибтидоии мусулмонӣ, русӣ – маҳаллӣ, русӣ, омўзишгоҳҳои назди калисо, мактабҳои халқӣ, гимназияҳои духтарона ва мардона, омўзишгоҳи реалӣ, мактабҳои хусусӣ, мактаби шаҳрии дусинфа, мактаби ибтидоии роҳиоҳанчиён амал мекарданд. Махсусан, афзудани шумораи мактабҳои русӣ – маҳаллӣ як андоза ба зиёдшавии мактабҳои усули ҷадид халал расонид. Зеро то 1 январи соли 1911 дар ҳудуди кишвари Туркистон 89 [9] ва бо баъзе маълумотҳои дигар 126 мактаби русӣ – маҳаллӣ [10] амал мекарданд.
Дар ҳудуди кунунии Тоҷикистони Шимолӣ соли 1910 дар Қистакўз (Хистеварз)-и уезди Хуҷанд бо кўшиши Саидбобохони Аҳрорӣ мактаби усули ҷадид кушода мешавад [11]. Ҳарчанд пас аз ҳашт моҳи фаъолият ин мактаб баста шуда бошад ҳам, Аҳрорӣ аз фикри кушодани мактаби нав даст намекашад ва августи соли 1914 оид ба кушодани мактаби нав бо номи «Муҳаммадия» дар рўзномаи «Оина» эълон дарҷ намуд ва охири моҳи августи соли 1914 дар маҳаллаи Сангчамазор мактаби дигари худро таъсис дод. Аввали моҳи сентябри соли 1914 дар ин замина мактаби русӣ – маҳаллӣ таъсис ёфт [12]. Аз рўи маълумотҳо соли 1911 дар назди масҷиди Қози Ўзбаки Хистеварз низ мактаби дигари усули ҷадид кушода шудааст.

пешина
аз 142
навбатӣ