Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Дар шаҳри Хуҷанд авалин мактаби усули ҷадид соли 1912 ташкил ёфт ва то соли 1914 шумораи чунин мактабҳои Хуҷанд ба 5 адад расида буд. Мактабҳои усули ҷадид дар дигар маҳалҳои Тоҷикистони шимолӣ, аз ҷумла, Панҷакент, Конибодом, Исфара низ кушода шудаанд.
Чи тавре, ки дар фавқ зикр шуд, забони тадриси қисмати зиёди мактабҳои усули ҷадиди Туркистон забони туркӣ будаанд. Сабаб дар он буд, ки шароити кишвари Туркистон ба пайравони зиёди ҷараёни пантуркистӣ имконият фароҳам овард, ки ба сифати муаллимони мактабҳои усули ҷадид ба кор оянд. Мақсади асосии онҳо амалӣ намудани сиёсати ташкили империяи ягонаи мусулмонӣ таҳти парчами Туркия буд. Бинобар ин, ворид шудани намояндагони ҷараёни пантуркистӣ ва аз тарафи дигар ба барномаҳои таълимӣ шомил гардидани фанҳои зиёди дунявӣ ва зиёдтар таваҷҷуҳ намудани ҷавонони кишвар ба ин мактабҳо, идораи кишвари Туркистонро сахт ба ташвиш овард. Соли 1912 генерал - губернатори Туркистон Самсонов супориш дод, ки минбаъд мактабҳои усули ҷадид зери назорати мақомоти идории кишвар бошанд, инчунин барои ташкили мактабҳои нав розигии нозири маориф гирифта шуда, барномаю васоити таълимии онҳо дар мақомоти дахлдор тасдиқ ёбад [13].
Кушодашавии мактабҳои усули ҷадид дар Туркистон ва ба сифати муаллим кор кардани тоторҳо сарварони кишварро ҳанўз соли 1909 ба ташвиш оварда буд. Дар ҳуҷҷати махфии ба губернатори ҳарбии вилояти Сирдарё иншо намудаи шаҳрдории Тошканд супориши ба нозири калони мактабҳо иборат аз панҷ банд омадааст, ки барои кушодашавии мактабхои усули ҷадид ягон монеа сохта нашавад, вале набояд ба ин мактабҳо тоторони муҳоҷир муаллим таъйин гарданд [14].

пешина
аз 142
навбатӣ