МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Дар аморати Бухоро бошад муқобилони ҳамагуна навоварӣ ниҳоят зиёд буданд ва ҳукумати аморат бе розигӣ ва ҷонибдории руҳониён дар ин самт амалеро ба иҷро расонида наметавонист. Яке аз муҳаққиқони таърихи аморати Бухоро академик А. А. Семёнов навиштааст, ки руҳониён иттиҳоди ниҳоят қавӣ ва бо ҳам пайвасти аморат буданд, ғайр аз меъёрҳои шариат дигар чизеро қабул надоштанд ва муқобили ҳамагуна навовариву тағйирот мебаромаданд [15]. Моҳи сентябри соли 1917 А. Семёнов бо резиденти Руссия дар Бухоро оид ба масъалаи баста шудани мактабҳои усули ҷадид ба ҳузури амир Саид Олимхон мушарраф мешавад. Амир ошкоро изҳор менамояд, ки ба фаъолияти чунин мактабҳо дар қаламрави аморат зиддияте надорад, вале муқобилони асосӣ руҳониён бо сардории қозикалон мебошанд. Амир пешниҳод менамояд, ки аз номи ў бевосита ба қозикалон муроҷиат ва хоҳиш намоянд, ки мактабҳои усули ҷадидро набанданд. Аммо қозикалон Бурҳониддин бо баҳонаи он, ки ин мактабҳо дар дасти ҷадидон аст, аз ҳалли масъала даст мекашад [16].
Аввалин кўшишҳо барои ташкили мактаби усули нав дар аморати Бухоро аз тарафи тоҷир Ҷўрабойи Пирмастӣ соли 1900 ба назар мерасад. Ў дар гузари Пўстиндўзони Бухорои кўҳна мактаби хусусии худро ташкил дод, вале бо сабаби пуштибоне надоштан ва муқобилияти хурофотпарастон ин мактаб зуд баста шуд. Чанде пас Каипов ном тотор мактаби худро ба мактаби усули нав табдил дод, вале ин мактаб низ зери фишори руҳониён фаъолияти худро тез қатъ намуд. Нахустин мактаби усули ҷадиди тоҷикии Бухоро мактаби Мунзим ва Айнӣ буд, ки соли 1908 дар ҳавлии аввалӣ ташкил гардид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё