Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Робитаи ташаккули мактаби илмии таърихшиносии тоҷик бо номи академик Б.Ғафуров ба назари мо пеш аз ҳама дар чанд самт зоҳир меёбад. Академик Б. Ғафуров бо коркарди консепсияи илмии таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, методологияи он, ба вижа даврабандии таърихи халқи тоҷик, гузориши масоили пажуҳишӣ, тадқиқотҳои бунёдӣ, ташвиқу тарғиби донишҳои таърихӣ, муаррифии таърихи халқи тоҷик дар дохил ва беруни кишвар ва ширкати бевосита дар ташкил ва ба роҳ мондани фаъолияти марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва омодасозии кадрҳои соҳибтахассуси илмӣ нақши барҷастаи худро гузоштааст.
Академик Б. Ғафуров фаъолияти касбии худро аз рўзноманигорӣ оғоз намудааст ва аввалин мақолаҳои ў дар саҳифаҳои рўзномаи «Бедории тоҷик» соли 1928 ба чоп расидаанд, ки мавзуи асосиии онҳоро низ масоили таърихӣ, муборизаи ҷомеаи нав ва кўҳна, дастовардҳои ҳокимияти шўравӣ дар роҳи эъмори ҷомеаи нав ташкил медоданд. Аз ҷумла, мақолаҳои «Хиёнаткорони Исфисор», «Аз дафтари се нафар ҷинояткор», «Аз аҳволи се нафар мунофиқи номдор» соли 1928 дар рўзномаи «Бедории тоҷик», мақолаҳо доир ба ҳаракати колхозӣ ва дастовардҳои колхозчиён дар рўзномаҳои «Бо роҳи ленинӣ»
соли 1934, «Қизил Тожикистон» соли 1935 ба мавзуъҳои рўзмараи замон бахшида шудаанд. Соли 1939 Б. Ғафуров доир ба мавзуъҳои мубрами замон, пеш аз ҳама занон ва озодии онҳо, мубориза ба муқобили фаранҷӣ ва урфу одатҳои динӣ силсилаи мақолаҳоро дар рўзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявии «Коркуни партиявӣ», «Ба роҳи ленинӣ», «Коммунист Таджикистана» чоп менамояд. Дар заминаи ин мақолаҳо соли 1940 рисолаи ў бо номи «Ба муқобили фаранҷӣ ва урфу одатҳои динӣ» дар ҳаҷми 36 саҳифа аз тарафи Нашриёти давлатииТоҷиистон чоп мешавад.

пешина
аз 142
навбатӣ