МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Фаъолияти рўзноманигории Б. Ғафуров солҳои минбаъда низ новобаста аз ишғоли вазифаҳои баланди сиёсию давлатӣ пайваста идома меёбад. Танҳо дар давоми соли 1940 зиёда аз 13 мақолаи илмӣ-оммавии Б. Ғафуров доир ба мавзуъҳои таърихӣ тавассути васоити ахбори умум бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва ўзбекӣ ба чоп расидаанд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) ва давраи азнавбарқароркунии хоҷагии халқи ҷумҳурӣ низ Б. Ғафуров аз навиштани мақолаҳои илмӣ-оммавӣ ва тарғиботӣ канор наҷуста, баробари расонаҳои хабарии ҷумҳуриявӣ саҳифаҳои рўзномаҳои марказии шўравӣ, ба мисли «Известия»- ро низ истифода менамояд. Аз ҷумла, соли 1941 дар саҳифаҳои «Известия» ду мақолаи ў бо номҳои «Ба музаффариятҳои нав» («К новым успехам») ва «Тоҷикистон ба ҷабҳа» («Таджикистан фронту») чоп шуданд, ки ҳар ду ба мавзуи муҳимми дастовардҳои Тоҷикистон дар роҳи дигаргунсозиҳои сиёсӣ ва иҷтимою иқтисодӣ ва кумаки бевоситаи ҷумҳурӣ ба ҷабҳа бахшида шуда буданд. Ҳамин гуна мақолаҳо дар давраи иҷрои вазифаҳои масъулиятноки муншӣ, муншии дуюм ва билохира муншии аввали Ҳизби коммунисти ҷумҳурӣ будан низ тавассути рўзномаву маҷаллаҳои умумишўравӣ, пеш аз ҳама рўзномаҳои «Правда» ва «Известия» ба чоп расидаанд, ки дар онҳо муборизаи қаҳрамононаи тоҷикистониён дар ҳимояи марзу бум ва корномаи меҳнатии онҳо дар самтҳои гуногуни иқтисодию фарҳангӣ инъикос ёфтаанд. Дастовардҳо ва пешравиҳои ҷумҳурӣ ва инчунин вазифаву ҳадафҳои аввалин дар ягон самт аз мадди назари ин фарди меҳанпараст берун намондааст. Беш аз ҳама Б. Ғафуров

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё