МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Ва дар роҳи иҷрои ин вазифа ў аввалин шуда соли 1947 нахустин таърихи ҷомеаи халқи тоҷикро бо унвони «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» [8] манзури муҳаққиқону хонандагон менамояд. «Ин таълифот,- менависад яке аз ғафуровшиносони шинохта, - аввалин ва қотеътарин ҷавоби побарҷое ҳисоб меёфт, ба муқобили таърихсозони гузаро, ки илми муқаддаси таърихро бо мақсадҳои аразмандонаи сиёсии худ истифода мебурданд» [14, 247]. Нақши ин китоб ва арзиши илмии онро асос намуда академик Б.А. Литвинский Б.Ғафуровро асосгузори илми таърихи халқи тоҷик номид [12, 49-66].
Устод Садриддин Айнӣ дар тақризи муфассали худ ба «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» чоп шудани ин китобро самимона табрик намуда, онро «дар пешрафти маданияти советии тоҷик як ҳодисаи бузург» номидааст [1, 135]. Ҳамзамон устод С. Айнӣ навиштааст, ки «Ҳарчанде аҳволи таърихии гузаштаи таърихи халқи тоҷик дар манбаъҳои шарқӣ ва ғарбии гуногун ба тарзи пароканда қайд шуда бошад ва бо ҳуҷҷатҳои илмӣ-археологӣ ба субут расида бошад ҳам, он аҳвол ба тарзи илмӣ ба оммаи тоҷикон маълум набуд ва бо тафтишҳои ҷудогона ба даст даровардани он гуна маълумот барои ҳар кас муяссар ҳам намешуд» [1, 98].
Академик Б. Ғафуров бо чопи тоҷикии ин китоб қаноат накарда, онро бо иловаю такмилва таҷдиди назар ба забони русӣ зери унвони «История таджикского народа в кратком изложении: С древнейших времен до Великой Октябрьской социалистической революции 1917г.» [4] соли 1949 дар Москва нашр намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё