Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Аз ҷумла, таъкид менамояд: «Назар ба онҳое, ки дар ҳайаташ эрониёни ғарбӣ шомил будаанд, халқи тоҷик дар чаҳорчўбаи давлати дигари муташаккил (яъне Сомониён- Н.У.) нашъунамо кардааст, вай истиқлолияти вижаи худ, фарҳанг, анъанаҳои маданиву таърихии мустақил ва новобаста ба Эронро дорад» [11, 8].
Дар ҳамин ҷо доир ба ватани ниёкони гузаштаи тоҷикон – ориёиҳо, тақсим шудани онҳо ба ориёиҳои ғарбӣ ва шарқӣ, давлатҳои нахустини ориёӣ маълумот дода, дар заминаи ориёиҳои шарқӣ- суғдиёну бохтариён, хоразмиён, парфиёниҳо ташаккул ёфтани тоҷикон ҳамчун этноси воҳид ҷасурона андешаҳояшро пешниҳод менамояд. Ба замми он дар ҳавошӣ оид ба пайдоши истилоҳи тоҷик мулоҳизаҳояшро баён намуда, таъкид менамояд: «Истилоҳи «тоҷик» бо калимаи «тоҷ», ки маънояш «сарир» («венец, корона») аст, алоқаманд аст. Калимаи тоҷик маънои «одами тоҷдор»-ро дорад.
Ақидае ҳаст, ки бори нахуст истилоҳи «тоҷик» маҳз ба ҳамин маънои мазкур, дар асри II то милод истифода шудааст ва он дар сарчашмаҳои таърихии Чин доир ба шоҳигарии Тяожи ҳаст» [11, 7].
Ҳамин тариқ, дар рисолаи нахустини тадқиқотии ба таърихи халқи тоҷик бахшидаи худ Б. Ғафуров натанҳо зарурати таълифи таърихи комилӣ онро пеш гузошт, балки тавонист масоили умда ва мубрами онро низ муайян намояд. Дар пажуҳишҳои баъдинаи худ академик Б. Ғафуров ин масоилро дар заминаи санаду асноди қавӣ ва маъхазҳои хаттӣ боз ҳам асоснок намудааст.
Доир ба зарурати боз ҳам чуқуртар омўхтани таърихи халқи тоҷик Б. Ғафуров 24 апрели соли 1944 дар ҷаласа (сессия)-и аввали илмии бахш (Филиал)-и тоҷикистонии АИ ИШ бо маърўза баромад намуда, тадқиқу таълифи таърихи комили халқи тоҷикро пеш мегузорад.

пешина
аз 142
навбатӣ